Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори дабири кулли СММ ба Исроил


Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфтааст, агар Исроил ба шаҳраксозиҳо дар қаламравҳои ишғолӣ идома бидиҳад, ба дурнамои сулҳ дар Ховари Миёна “зарбаи тақрибан марговаре” хоҳад зад. Дар баёнияи расмии Бан Ки Мун омадааст, “бунёди 3 ҳазор шаҳраки нав хатари комилан аз ҳам буридани Байтулмуқаддаси Шарқӣ аз Канораи Ғарбро дар пай дорад.” Ба думболи он ки Маҷмаъи умумии Созмони Милал рӯзи ҷумъа, ба Фаластин мақоми “кишвари ғайриузви” ин созмонро дод, ҳукумати Исроил гуфт, ки шаҳракҳои нави яҳудинишин месозад. Исроил рӯзи якшанбе ҳамчунин гуфт, ки 100 миллион доллар аз молиёти ҷамъшуда барои Фаластиниёнро муваққатан ба онҳо нахоҳад дод. Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин рӯзи якшанбе баъди бозгашташ ба Канораи Ғарб гуфт, ки акнун фаластиниён соҳиби кишвар шудаанд.
XS
SM
MD
LG