Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози парвозҳо аз Хуҷанд ба Барнаул


Нахустин парвоз дар масири Хуҷанд-Барнаул-Хуҷанд имрӯз 24-уми апрел аз тарафи ширкати хусусии «Сомонэйр» анҷом шуд.

Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Барнаули Русия ҳавопаймои мусофирбари навъи Boeing-737- и мутааллиқ ба «Сомонэйр»-ро бо 148 мусофир қабул кард.

Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати«Сомонэйр» рӯзи 24-уми апрел дар як сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ин парвоз дар ду ҳафта як маротиба, дар рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешавад ва тӯли парвоз панҷ соат хоҳад буд.

Вале афзуд ҷаноби Бандишоев, дар сурати зиёд шудани мизоҷ, шикати «Сомонэйр» дар ҳамоҳангӣ бо шарикони худ аз Барнаули Русия, метавонад шумори парвозҳоро бештар намояд. Нархи чипта аз самти Хуҷанд ба Барнаул 250 евро ва баръакс аз Барнаул ба Хуҷанд 120 евро муқаррар шудааст.

Сухангӯи ширкати мазкур гуфт, ки парвозҳо танҳо тавассути мусофирбари навъи Boeing-737 ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Зимнан то кунун ширкати «Сомонэйр» дар 24 масир, аз ҷумла Дубай, Урумчӣ, Ҷидда, Истанбул, Франкфурт, Алмаато ва шаҳрҳои мухталифи Русия ба шумули Маскав, Санкт-Петербург, Красноярск, Оренбург, Краснодар, Новосибирск, Қазон, Тюмен ва ғайра парвозҳоро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд анҷом медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомонэйр» аз соли 2008 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар ҳоли ҳозир ин ширкат соҳиби 5 мусофирбари Boeing-737-300, 2 адад Boeing-737- 800-ва 2 Boeing-737- 900 мебошад. Интизор меравад дар вақтҳои наздик ин ширкат соҳиби боз як ҳавопаймои мусофирбари Boeing-737- 300 бишавад.

Гуфта мешавад яке аз моликони асосии ин ширкати хусусӣ, Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» -и Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG