Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба иттилоъ дар бораи мусофирон дастрасӣ пайдо кард


Парлумони Аврупо тарҳи созишеро пазируфт, ки он дастрасии мақомоти ИМА ба иттилои комил оид ба шахсияти мусофирони ҳавопаймоҳои хатсайрҳои миёни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрикоро таъмин мекунад.

Бар пояи ин санад, ҳама иттилоъ зимни бақайдгирии мусофир, аз ҷумла, рақами телефон, рақами кортҳои бонкӣ, вазъи сиҳат ва ба кадом таом бартарӣ доданаш ба вазорати амнияти дохилии ИМА фиристода мешавад.

Ҷонибдорони тарҳ онро чун гоми муҳим дар роҳи мубориза бо терроризм арзёбӣ мекунанд. Ва аммо мухолифон мегӯянд, ки он нақзи ҳуқуқи мусофирон аст, зеро маълум нест, ки ин иттилоъ бо кадом ҳадаф истифода мешавад, то кай ҳифз хоҳад шуд ва боз киҳо ба он дастрасӣ пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG