Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта рафтори сарбозони амрикоиро маҳкум кард


Ҳукумати Амрико мегӯяд, рафтори чанд сарбозашро башиддат маҳкум мекунад, ки гӯё бо ҷасадҳои тундравони афғон беҳурматӣ кардаанд. Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико дар шаҳри Брюссел гуфт, аксҳои беэҳтиромӣ бо аҷсоди тундравон, нишондиҳандаи “арзишҳои” сарбозони амрикои нест, ки дар Афғонистон меҷанганд. Ӯ афзуд, гунаҳкорон ҷазои худро хоҳанд гирифт. Аксҳои мазкур дар рӯзномаи “Лос Анҷелес Таймс” чоп шудааст.
XS
SM
MD
LG