Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ имрӯз ба бозпурсии Брейвик шурӯъ мекунад


Додгоҳи Осло, пойтахти Норвегия имрӯз ба бозпурсии Андерс Беринг Брейвик, ки қатли 77 нафар дар тобистони соли гузаштаро иқрор кард, шурӯъ мекунад. Брейвик аммо дирӯз дар додгоҳ гуфт, ки худро гунаҳкор намедонад, балки қатли 8 нафар дар Осло ва 69 тани дигар дар ҷазираи Утойя барои “дифоъ аз худ” буд, на амали ҷиноӣ. Ӯ гуфт, ки ба хотири наҷоти Ислом ва чандфарҳангӣ меҷангад. Агар додгоҳ ӯро муҷрим шиносад, Брейвик метавонад ба 21 соли зиндон маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG