Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷик аз қабати 10-ум афтода, зинда монд


Як мардикори 21-солаи тоҷик дар Санкт-Петербург аз қабати 10-уми сохтмон афтода, зинда мондааст. Ин ҳодиса рӯзи 12 апрел дар як сохтмони марбут ба ширкати ООО “ТАМПС” дар ноҳияи Неваи пойтахти шимолии Русия рух додааст. Тоҷиддин Ниёзов ба бемористони Александровская мунтақил шудааст. Мақомот ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG