Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гашничу пиёзи Тоҷикистонро таҳрим мекунад


Русия аз пагоҳ – 16 апрел – ба мусофирон аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Узбакистон бо худ овардани меваву сабзаҷот, назири гашничу пиёз ва ҳам меваи қоқро манъ мекунад. Росселхознадзор ҳанӯз дар моҳи март таҳдид карда буд, ки даст ба чунин маҳдудият хоҳад зад. Ба ҳисоби идораи Геннадий Онишенко, соли гузашта 228 мавриди воридоти сабзаҷоти мамнӯъ аз Тоҷикистон ва 130 чунин маврид аз Узбакистонро сабт кардааст. Воридоти чунин маҳсулот ба Русия аз ин ба баъд танҳо бо асноди фитосанитарӣ муҷоз хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG