Мансур Орифов, як масъули Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми ҳамин рӯз як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон иборат аз намояндагони вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорати маориф ва Хадамоти муҳоҷирати кишвар барои ширкат дар нишасти 16-уми СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо, озими Женева хоҳад шуд.
Мансур Орифов мегӯяд, ки даҳ рӯз қабл аз Женева як суолномаи иборат аз 40 пурсиш доир ба вазъи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо, ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои давлати Тоҷикистон дар баробари раванди муҳоҳирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар беруни кишвар, хусусан дар Русияро дарёфт кардаанд.
Дар нишасти СММ, Тоҷикистон як ҳисоботи муфассал доир ба суолҳои пешниҳодӣ ироа хоҳад кард, ки то кадом андоза вазоифи худро дар амри ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва хонаводаи онҳо иҷро мекунад. Тоҷикистон шомили Конвенсияи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаи онҳо мебошад.
Бино ба омори расмӣ, ҳудуди як миллион ва бино ба омори манобеи мустақил бештар аз он шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайси муҳоҷири корӣ Русия ба сар мебаранд ва манбаи аслии таъмини хонаводаҳо дар Тоҷикистон мебошанд. Бино ба маълумоти созмонҳои молии байналмилалӣ, ҳудуди 80 дарсади сокинони Тоҷикистон аз Русия пул дарёфт мекунанд.
Аммо гуфта мешавад, ки дарёфти пул барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба осонӣ даст намедиҳад. Ҳуқуқи муҳоҷирон дар кишварҳои мисли Русия пайваста нақз мешавад ва ҳукумати Тоҷикистон барои ҳимояти нокифояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ, пайваста аз тарафи матбуоти маҳаллӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва шаҳрвандони маъмулӣ интиқод мешавад.