Ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифини давлати Озарбоҷйон имрӯз дар шаҳри Боку тазоҳурот карданд. Баъди саркӯби бераҳмонаи чунин тазоҳурот дар соли гузашта, ҳукумати Озарбойҷон бори аввал аст, ки иҷоза дод, тазоҳурот баргузор кунанд. Алӣ Каримлӣ, раиси Ҳизби Ҷабҳаи Мардумӣ дар Озарбойҷон зимни суханронӣ, дар раҳпаймоӣ хостори озодиҳои бештар дар кишвар шуд. Як узви ин ҳизб ба бахши озарии Радиои Озодӣ гуфт, 10 нафар аз фаъолони мухолифинро дар роҳ ба сӯи тазоҳурот, маъмурони пулис латукӯб кардаанд. Аммо мақомоти пулис ин иддаъоро рад карданд. Ба гуфтаи баргузоркунандагони тазоҳурот, мақомоти расмӣ ҳаракати нақлиётро дар шаҳр маҳдуд кардаанд, то мардуми зиёд дар он ширкат накунанд.