Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳангистон бозиҳои компютерӣ дар Узбакистон


Ожонсии мухобирот ва иттилооти Узбакистон эълон кард, ки то поёни соли 2012 дар ин кишвар Фарҳангистони бозиҳои компютерӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ожонсии мазкур гуфтааст, ин фарҳангистон “бо густариши бозиҳои милии компютерии аз нуқтаи назари иҷтимоӣ муҳим машғул хоҳад шуд”. Фарҳангистон ҳамчунин бозиҳои компютериро аз забонҳои дигари хориҷӣ ба забони узбакӣ тарҷума ва бо тавлидкунандагони бозиҳои компютерӣ дар хориҷ ҳамкорӣ мекунад. Ожонсии мухобирот ва иттилооти Узбакистон мегӯяд, ки Фарҳангистони бозиҳои компютерӣ конфронсҳои байналмиллалӣ ва дохилӣ созмон медиҳад ва тадбирҳои марбут ба бозиҳои компютерӣ ва давраҳои омӯзишии шаҳрвандони Узбакистонро баргузор мекунад. Ин фарҳангистон дар чаҳорчӯбаи “Соли оила” ба ибтикори Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон ташкил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG