Хавер-Жан Кейта – намояндаи Додгоҳи байналмилалии Ҳейг гуфт, Сайфулислом - писари раҳбари собиқи Либия Муаммар Қаззофӣ дар зиндон ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Кейта аз ироаи ҷузъиёти ин ҳамла худдорӣ кард, вале гуфт, Сайфулислом дар зиндон 139 рӯзро дар инзивоъи комил ва бидуни кадом тамосе бо мақомот ва муфаттишон ба сар бурдааст ва бо вуҷуди шикоят аз дард табобате намегирифт. Сайфулислом Қаззофӣ моҳи ноябр, як моҳ баъд аз қатли падараш, дар ҷануби Либия дастгир шуд. Додгоҳи Ҳейг истирдоди ӯро мехоҳад, вале мақомоти нави Троблус мегӯянд, ки писари Қаззофӣ бояд дар Либия муҳокима шавад.