Пораҳои киштии маъруфи “Титаник”, ки сад сол пеш дар уқёнуси Атлантика ғарқ шуда буд, зери ҳимояти ЮНЕСКО, Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ, қарор гирифтанд. Ин пораҳо то ҳанӯз дар қаъри уқёнусанд. Дар ин бора имрӯз, даҳ рӯз қабл аз садумин солгарди ғарқшавии “Титаник”, масъулини ЮНЕСКО хабар доданд.
Дар он фоҷиаи як қарн пеш рӯйдода 1514 мусофир ва сарнишинҳои “Титаник” ҷон бохтанд.
Пораҳои киштии бузург бори аввал соли 1985 дар умқи 4 ҳазор метрии уқёнус ошкор шуданд.
Ёдбуди қурбониёни фоҷиаи сад соли пеш дар Бритониё, ки "Титаник" он ҷо сохта шудааст ва дар ИМА, ки мусофирон ба он ҷо сафар мекарданд, баргузор мешавад.