Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма роҳи Душанбе-Хоруғро баст


Рехтани тармаи зиёд боиси қатъи ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ шудааст. Мақомоти изтирории Тоҷикистон мегӯянд, километрҳои 431 ва 435-уми ин шоҳроҳ дар ноҳияи Дарвоз зери тарма мондаанд, аммо касе дар ин офот осеб надидааст. Хоруғ - маркази вилояти кӯҳистонии Бадахшон дар фосилаи 520 километр аз Душанбе воқеъ аст. Ба гуфтаи мақомот, шоҳроҳи дигари муҳими кишвар – Душанбе –Хуҷанд ба сурати маъмулӣ амал мекунад. Танҳо дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 15 нафар бар асари рехтани тарма ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG