Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагонро 17-20 нафар тахмин мезананд


Бозори Качаловои Масквав
Бозори Качаловои Масквав
Каромат Шарипов-раиси ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав мегӯяд, шумораи кушташудагон дар сӯхтори бозори Качалово мумкин аст ба 17 ё ҳатто 20 нафар расад. Ба гуфтаи Шарипов, ба ҷуз аз кормандони ин бозор дар он ҷо ҳамчунин одамони бесарпаноҳ дар ивази маблағе дар он ҷо шабро рӯз мекардаанд ва сокинони муваққатӣ будаанд. Соҳиби амбор соати 8-и бегоҳ дарвозаи амборро мебастааст, то субҳ аз “муштариёнаш” ҳақи “хобгоҳ”-ро бигирад ва онҳоро ба баромадан иҷоза диҳад. Ҳоло соҳиби амбор фирор кардааст ва вайро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба гуфтаи Шарипов, бо назардошти ин кор мумкин аст шумораи одамони талафёфта бештар бошад.
XS
SM
MD
LG