Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти навраси покистонӣ, ки худро оташ зад


Як писари покистонӣ, ки аз ноумедӣ худро оташ зада буд, даргузашт. Бино ба гузоришҳо, волидони Комрон Хон барои харидани либоси мактабӣ пул надоштаанд ва ӯ аз яъсу навмедӣ худро 31 март оташ задааст. Ӯро навраси боистеъдоде ном бурдаанд, ки тавонистааст ҳаққи таҳсил дар як мактаби хусусиро ба даст орад. Фоҷиаи ин писарро аломати барҷастаи зиндагии сахти мардуми зиёди фақир дар Покистон хондаанд.
XS
SM
MD
LG