Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Попи Рум аз мардуми Куба


Попи Рум Бенедикти 16 ва пешвои масеҳиёни ҷаҳон дар оғози сафари серӯзааш ба Куба аз мардуми ин кигвар даъват кард, “ҷомеаи наву боз” бисозанд. Попи Румро дар шаҳри Сантяго Раул Кастро, раиси ҷумҳури Куба пешвоз гирифт ва ӯ баъдан дар ин шаҳр маросими ниёиш баргузор кард. Пеш аз оғози ин маросим як марде “марг бар коммунизм” шиор дод, вале маъмурони амнияти ӯро аз онҷо бурданд. Пеш аз ин Бенедикти 16 гуфт, Ҷон Пол Попи пешини Рум бо сафари таърихиаш дар 14 соли пеш, дар “рӯҳи мардуми Куба нақши мондагоре гузошт.” Попи Рум рӯзи сешанбе ба шаҳри Ҳавана сафар мекунад. Ӯ қабл аз вурудаш ба ин кишвар гуфт, низоми коммунистӣ дигар ба дарди Куба намехӯрад. Камтар аз 10 дар сади мардуми Куба католик ҳастанд.
XS
SM
MD
LG