Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини белорус Рӯзи Иродаро таҷлил карданд


Мухолифини ҳукумати Белорус имрӯз дар Минск бахшида ба Рӯзи Ирода – солгарди таъсиси ҷумҳурии мардумии Белорус дар соли 1918 раҳпаймоӣ карданд.

Дар ин раҳпаймоӣ, ки бори аввал дар чанд моҳи ахир бо шаҳрдории Минск ҳамоҳанг шудааст, тақрибан яку ним ҳазор нафар ширкат доштанд. Ва аммо мақомоти интизомии Минск теъдоди ширкатдоронро се маротиб камтар ҳисоб карданд.

Раҳпаймоён бо худ парчамҳои сафеду сурху сафед, рамзи аҳзобу ҷунбишҳои мухолифро доштанд. Баъд аз анҷоми раҳпаймоӣ дар боғи Дӯстии халқҳо гирдиҳамоӣ баргузор шуд.

Дар арафаи ин раҳпаймоӣ чанд тан аз фаъолони мухолифини Белорус ва тақрибан сад тан аз анархистҳо боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG