Дар шаҳри Порт-Саиди Миср бар асари бархӯрди миёни мухлисони футбол ва кормандони полис як навраси 13-сола ба ҳалокат расида, 16 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, бархӯрд баъди он ба амал омад, ки Анҷумани футболи Миср дастаи маъруфи “Ал-Масри”-ро барои ду соли оянда аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои расмӣ маҳрум кард.
Шоми якуми феврал дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид, баъд аз бозии миёни дастаҳои “Ал-Масрӣ” ва “Ал-Аҳлӣ”, бенизомиҳо рӯх доданд, ки дар натиҷа 74 нафар ба ҳалокат расиданд.
Анҷумани футболи Миср дастаи “Ал-Аҳли”-ро ҳам муҷозот кард - мураббӣ ва капитани даста муваққатан аз мақом барканор шуданд ва ба чаҳор бозии навбатӣ мухлисон роҳ дода намешаванд.
Дар робита ба ҳаводиси рӯзи 1 феврал дар варзишгоҳи Порт-Саид 75 нафар, аз ҷумла, 9 корманди полис, ба додгоҳ кашида шудаанд. Тафтиши ҳодиса идома дорад.