Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти таркишҳои Ироқро Ал-Қоида ба дӯш гирифт


Асароти таркиши рӯзи сешанбе дар Карбало
Асароти таркиши рӯзи сешанбе дар Карбало
Қаноти ироқии Ал-Қоида масъулияти силсилаи таркишҳои дирӯза дар Ироқро, ки ҳудуди 50 кушта ба ҷо гузошт, ба ӯҳда гирифт. Ин гурӯҳ, ки худро Давлати исломии Ироқ меномад, дар баёнияе дар як торнамои интернетӣ давлати Ироқро “аблаҳон” номида гуфт, ҳадафи таркишҳо дар Бағдоду Карбалову Киркук ва манотиқи дигар намоиш додани заъфҳои нақшаи амниятии ин давлат барои баргузории нишасти сарони Лигаи Араб буд. Ироқ рӯзи 29 март барои бори аввал дар 20 соли охир мизбони нишасти сарони Лигаи Араб мешавад.
XS
SM
MD
LG