Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Исроил ба Чин гуфт, кишвараш ҳаққи зарба ба Эронро дорад


Вазири умури хориҷии Исроил Авгидор Либерман ба сарони Чин гуфт, кишвараш ҳамаи интихобҳоро дар муқобили барномаи ҳастаии Эрон ҳифз мекунад, аз ҷумла зарба ба иншооти ҳастаии Теҳронро. Дар сафар ба Чин Либерман ба ноиби президенти Чин Кси Ҷинпинг ва вазири умури хориҷии ин кишвар Янг Йечӣ гуфт, барномаи ҳастаии Эрон ба сулҳ ва эътидоли ҷаҳон таҳдид мекунад. Чин, ки бо Эрон робитаҳои наздики энержӣ ва тиҷоратӣ дорад, аз ҳалли дипломатии баҳс бо Эрон ҳимоят ва ба амалҳои якҷонибаи зидди Ҷумҳурии Исломӣ мухолифат мекунад. Либерман гуфт, умедвор аст, таҳримҳо мушкилро ҳал кунанд, аммо дар сурати нокомии онҳо Исроил ҳақ хоҳад дошт. Аз худ дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG