Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Бан Ки Мун аз нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон


Бан Ки Мун ва Ҳомид Карзай
Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст. Дар гузориши.ахири ӯ, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, дар бораи рафтори номатлуб ва қонуншиканиҳои полиси маҳаллӣ, аз ҷумла, кушторҳои бидуни ҳукми додгоҳ ва фасод сухан меравад.

Барномае, ки НАТО барои Афғонистон таҳия кардааст, сармоягузорӣ ва мусаллаҳсозии шибҳанизомиёни афғонро дар назар дорад, то ки онҳо имкони дифоъ аз рустоҳои худ аз ҳамлаҳои "Толибон"-ро дошта бошанд. Ба гуфтаи Бан Ки Мун, ин дастаҳои шибҳанизомӣ бояд зери итоати артиш ва полиси Афғонистон бошанд.

Ҳафтаи оянда дар Шӯрои амнияти СММ раъйдиҳй оид ба мавзӯи тамдиди мандати намояндагии СММ дар Афғонистон баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG