Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Туркия хабарнигори гумонбарро озод кард


Хабарнигорони турк раҳоии ҳамқаламҳояшнро талаб мекарданд
Хабарнигорони турк раҳоии ҳамқаламҳояшнро талаб мекарданд
Додгоҳи Туркия чаҳор хабарнигореро, ки дар ширкат дар талоши кудатои зиддиҳукуматӣ гумонбар мешуданд, раҳо кард. Ҳамаи онҳо шомили парвандаи созмони «Эргенекон» мебошанд, ки, ба иттилои тафтишот, мехост ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғонро аз байн бубарад. Дар сурати тайиди иттиҳом хабарнигорон мебоист ба 15 солии маҳбас маҳкум мешуданд.

Яке аз хабарнигорони раҳошуда Надим Шенар барои китобе, ки дар он нерӯҳои амниятии Туркияро дар куштори хабарнигори арманитабор Грант Динк айбдор карда буд, ба ҷоизаи бонуфузи “Қаҳрамони озодии матбуот”-и Пажуҳишгоҳи байнулмилалии матбуот мушарраф шуда буд.
XS
SM
MD
LG