Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои зиддитеррористӣ дар Чоруқдарон


Дар моҳи июн дар машқгоҳи Чоруқдарон дар вилояти Суғди Тоҷикистон машқҳои муштараки зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти унвони “Маъмурияти сулҳ-2012” доир хоҳад шуд. Хабаргузории Авесто бо такя ба дафтари матбуоти вазорати дифоъ хабар дод, ки ин тасмим дар музокироти ситодҳои кишварҳои узви ин созмон, ки аз 4 то 8 март дар гарнизони Суғд гузашт, тасвиб шудааст. Машқҳо дар 3 давра гузашта, дар он нирӯҳои фаврии 5 кишвари узв, ба истиснои Узбакистон, ширкат хоҳанд кард. Созмони Шанхай Чину Русия ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG