Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумонӣ дар Абхозистон


Дар Абхозистон, яке аз 2 вилояти ҷудошудаи Гурҷистон, интихоботи парлумон идома дорад. Барои 35 курсии вакилӣ ҳудуди 150 номзад мубориза мебаранд. Интихоботи 10 март 7 моҳ баъд аз пирӯзии Александр Анкваб дар интихоботи президентии Абхозистон ва ҳамагӣ 3 ҳафта баъд аз талоши сӯъиқасд ба ҷони ӯ сурат гирифт. Русия ин вилоятро баъди ҷанги соли 2008-аш бо Гурҷистон ба расмият шинохт. То имрӯз танҳо 4 кишвар - Венесуэла, Никарагуа, Науру ва Тувалу - истиқлоли Абхозистонро эътироф кардаанд.
XS
SM
MD
LG