Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико омода аст бо Владимир Путин ҳамкорӣ кунад


Ҳилларӣ Клинтон ва Радослав Сикорский
Ҳилларӣ Клинтон ва Радослав Сикорский
Амрико омода аст бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури мунтахаби Русия ҳамкорӣ кунад. Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ин нуктаро баъд аз мулоқот бо Радослав Сикорский-вазири хориҷаи Полша дар Вашингтон изҳор дошт. Хонум Клинтон Путинро ғолиби ошкорои интихобот номид. Аз сӯи дигар, хонум Клинтон аз мақомоти расмии Русия хост, ки ба ҳамаи далелҳои нақзи муқаррароти интихоботӣ расидагӣ сурат бигирад. Вай аз боздошти ширкаткунандагон дар ҷараёни тазоҳуроти сулҳомези мухолифон дар Маскав изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG