Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурони имдодӣ вориди Ҳумси Сурия шуданд


Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, гурӯҳи маъмурони имдодтит Ҳилоли Аҳмар ба ноҳияи Бобо Амри ноҳияи шаҳри муҳосирашудаи Ҳумси Сурия ворид шудаанд. Маъмурони имдодӣ рӯзҳо мунтазири вуруд ба ин шаҳри вайроншуда буданд, ки бино ба гузоришҳо ошӯбгарони мусаллаҳи мухолифи давлат аз онҷо фирор кардаанд. Пештар аз ин Валерия Амос, ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал вориди Димишқ пойтахти Сурия шуд, то ризоияти ҳукумати онро барои интиқоли кӯмакҳои байналмилалӣ ба шаҳрҳои ноороми ин кишвар ба даст оварад. Ӯ гуфт, дар ин сафараш аз тамоми тарафҳо хоҳад хост, ки ба маъмурони имдодӣ иҷоза диҳанд бемамониат ба ҷойҳои осебдида бираванд. Созмони Милал мегӯяд, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ алайҳи ҳукумати Башшор Асад аз як соли пеш то кунун дар ҷараёни саркӯби тазоҳургарон бештар аз 7500 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG