Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргталабона дар назди пойгоҳи Багром


Таркиши интиҳорӣ дар пойгоҳи Багроми Афғонистон имрӯз дастикам ду тани мулкиро кушта ба ҷо гузошт. Моҳе пеш дар ҳамин пойгоҳи Амрико китобҳои «Қуръон»-ро сӯзонда буданд, ки боиси мавҷи эътирозҳои хунин шуд. Мақомот мегӯянд, бомбгузор дар назди дарвозаи пойгоҳи ҳавоии Багром мошини марбут ба нирӯҳои НАТО-ро ҳадаф қарор дод. Сухангӯи НАТО гуфт, касе аз нирӯҳои эътилоф осеб надидааст. Толибон масъулияти ҳамларо ба ӯҳда гирифта, онро «интиқом» барои сӯзондани «Қуръон» номид. Дар эътирозҳову ҳамлаҳои марбут ба ин қазия дар Афғонистон то имрӯз беш аз 30 кас ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG