Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон мудофеи ҳуқуқи башар 18 сол зиндонӣ шуд


Абдулфаттоҳ Султонӣ
Абдулфаттоҳ Султонӣ
Абдулфаттоҳ Султонӣ -мудофеи ҳуқуқи башари Эрон 18 сол маҳкум ба зиндон шуд. Дар ин бора Маъсума Деҳқонӣ -хонуми вай ба радиои Озодӣ хабар дод. Маъсума Деҳқонӣ гуфт, бино ба ҳукми додгоҳ шавҳари вай наметавонад 20 сол бо масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи башар машғул шавад. Абдулфаттоҳ Султонӣ як ҷо бо хонум Ширин Ибодӣ-барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел бунёдгузори Маркази ҳуқуқи башари Эрон мебошанд. Султонӣ барои таблиғоти зидди давлатӣ ва дар хатар гузоштани амнияти миллӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Моҳи сентябри соли 2011 Наргис Муҳаммадӣ-муовини раиси ин марказ низ барои таблиғоти зидди режим ва ба хатар андохтани амнияти миллӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG