Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори вазири хориҷаи Фаронса ба Башор Асад


Вазири хориҷаи Фаронса Алан Жюпе гуфт, раҳбари Сурия Башор Асад бо ҷурми ҷиноёт алайҳи мардуми мулкии Сурия ба масъулият кашонда хоҳад шуд. ИА дирӯз ҳамчунин алайҳи Сурия таҳримоти нав ҷорӣ кард. Ин таҳримот мунҷамид сохтани ҳисобҳои Бонки марказии Сурия, манъи ироаи раводиди сафар ба мақомоти наздик ба Асад ва маҳдуд кардани тиҷорат ва парвозҳоро дар бар мегирад. Талошҳои дипломатӣ барои хатми қариб як соли саркӯбии хунини эътирозҳои Сурия дар ҳолест, ки телевизиони Сурия гуфт, дар раъйпурсии рӯзи 26 феврал 89 фоизи мардум аз тарҳи нави Қонуни асосӣ ҳимоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG