Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзили Усома бин Лоден тахриб мешавад


Дар шаҳри Абботободи Покистон тахриби манзиле шурӯъ шуд, ки дар он ҷо солҳои ахир раҳбари “Ал-Қоида” Усома бин Лоден ба сар мебурд. Ба иттилои шабакаи телевизионии Geo TV, коргарон ба тахриби бино рӯзи шанбе оғоз карданд.

Манзили бин Лоден дар Абботобод дар ёдҳо амалиёти махфии нерӯҳои амрикоӣ барои аз байн бурдани раҳбари “Ал-Қоида”-ро эҳё мекард, ки моҳи майи соли 2011 сурат гирифт. Исломобод аз ин амали якҷонибаи амрикоиҳо интиқод мекунад, Вошингтон бошад мутмаин аст, ки ошкор шудани замони амалиёт боиси ноком шудани он мегашт.
XS
SM
MD
LG