Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин интихобот дар Мисротаи Либия


Сокинони Мисротаи Либия нахустин бор дар чиҳил соли охир шӯрои маҳаллии худро интихоб карданд. Интихобот дар солгарди шӯриши аҳли ин шаҳр зидди ҳукумати Муаммар Қаззофӣ баргузор гашт. Шаҳр чандин моҳ дар муҳосираи нерӯҳои Қаззофӣ қарор дошта, шадидтарин даргириҳо дар ин ҷо ба вуқӯъ пайвастааст. Маҳз шӯришиёни Мисрота дар моҳи октябри соли гузашта Қаззофиро дар зодгоҳаш Сирт боздошт карданд ва ба қатл расонданд. Шӯрои миллии Либия мегӯяд, интихоботи порлумони миллии иборат аз 200 нафар дар моҳи июн баргузор хоҳад гашт. Ин шӯро ҳукумати навро ташкил хоҳад дод ва Қонуни асосии Либияро хоҳад навишт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG