Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси пойгоҳи Манас дар мулоқоти Отамбоев


Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар мулоқот бо намояндагони вазорати хориҷаи Амрико эълон кард, баъди соли 2014 дар фурудгоҳи Манас бояд “ягон нирӯи хориҷӣ” боқӣ намонад. Амрико ба Қирғизистон барои истифода аз ин пойгоҳи ҳавоии воқеъ дар наздикии Бишкек ба ҳайси маркази транзитӣ пул пардохт мекунад. Ин марказ ба хотири таъмини нирӯҳои Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон истифода мешавад.
Ҳайъати Амрикоро дар мулоқот бо Ҳотамбоев ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи марказиву ҷанубӣ Сюзан Эллиот раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG