Имрӯз дар бештар аз 30 шаҳри Русия дар чаҳорчӯбаи маъракаи эътирозии “Барои интихоботи одилона” садҳо мошин ба гардиш баромаданд. Дар тазоҳуроти эътрозии ронандаҳо дар Маскав мухолифони сисёсии давлат Илья Яшин, Борис Немцов ва Сергей Митрохин ширкат доштанд. Ин мошинҳо аз роҳи ҳалқаӣ ва роҳи атрофи Кремл гузаштанд. Дар Маскав ва Санкт Петербург пулис ба ҳаракати мошинҳо монеа эҷод кардааст. Дар ҳар ҷо мошинҳоро нигоҳ медошанд ва асноди онҳоро тафтиш мекарданд. Дар шаҳри Уляновск се ронандаи ширкаткунандаи ин тазоҳурот боздошт шудаанд.