Вазирони молияи кишварҳои “минтақаи евро” тасмимгирӣ дар мавриди ироаи бастаи нави кӯмаки молиявӣ ба Юнонро мавқуф гузоштанд.Раиси гурӯҳи аврупоӣ Жан Клод Юнкер гуфт, ки ба ҷойи музокироти пешакӣ тарҳрезишуда вазирони молия аз тариқи телефон гуфтушунид мекунанд.
Намояндагони минтақаи евро мегӯянд, ки Афина ҳама шартҳо барои дарёфти қарзи 130 миллиард евроӣ заруриро иҷро накардааст. Онҳо аз раҳбарони ҳизбҳои асосии Юнон талаб доранд то аз тариқи катбӣ кафолат диҳанд, ки баъд аз интихоботи қарибулвуқӯъ тасмими ахир дар мавриди қабули тарҳи қонуни сарфаи буҷаро бознигарӣ нахоҳанд кард.
Ба иттилои ахир, раҳбарони ҳизбҳои сотсиалистӣ ва муҳофизакорон барои ироаи ин гуна кафолат розӣ шудаанд.