Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҷсоди халабонҳои тоҷикро ба Душанбе хоҳанд овард


Аҷсоди 4 халабони тоҷике, ки рӯзи шанбе бар асари суқути чархболи онҳо дар вилояти Зобули Афғонистон ҳалок шуданд, дар рӯзҳои наздик ба Душанбе оварда хоҳанд шуд. Ду афсари артиши Тоҷикистон ба хотири таҳқиқи ин қазия ба Афғонистон эъзом шудаанд. Душанбе дирӯз таъйид кард, ки ин чархбол ба нирӯҳои ҳавоии артиши Тоҷикистон тааллуқ дошт ва дар он сӯи Омӯ барои нирӯҳои НАТО кор мекард. Яке аз халабонҳои кушташуда писари муовини вазири дифоъи Тоҷикистон генерал –майори нирӯҳои ҳавоӣ Вячеслав Грудино будааст.
XS
SM
MD
LG