Парлумони Юнон бояд имрӯз баррасии барномаи коҳиши масрафотро ба поён расонад. Ҳадаф аз ин барнома даст ёфтани Афина ба кумаки нави 130-миллиардевроии ИА аст. Юнон бе дарёфти ин кумак наметавонад дар моҳи март 14,5 миллиард евро қарзашро пардохт кунад. Сарвазири Юнон Лукас Пападемос рӯзи шанбе гуфт, тасвиб нашудани ин тарҳ ба “ҳарҷу марҷ ва таркиши иҷтимоӣ” хоҳад бурд. Тарҳи пешниҳодии давлат 22 дарсад поин бурдани маоши ҳадди ақал, ислоҳи низоми нафақа ва ҳам ихтисори 15 000 ҷои кориро дар бар мегирад.