Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мулоқот бо нозирони аврупоиро радд кардааст


Тинӣ Кокс
Тинӣ Кокс
Гурӯҳи нозирон аз Аврупо мегӯянд, дархости дидори онҳо бо Владимир Путин ба далели масруф будани ин номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия радд шудааст. Тинӣ Кокс, раҳбари ҳайъати нозирони маҷмаъи парлумонии Шӯрои Аврупо гуфт, “ онҳоро хабар кардаанд, ки дар дастури кори Путин мулоқот бо ин гурӯҳ нест. “ Ин ҳайъат алакай бо 4 номзади дигар ба интихоботи рӯзи 4 марти раёсатҷумҳурии Русия мулоқот кардааст. Онҳо шикоят кардаанд, ки Путин дар корзори интихоботӣ ба хотири даст ёфтан ба даври севуми раёсат аз “манобеъи маъмурӣ” ҳамчунон ба сурати фаровон истифода мебарад.
XS
SM
MD
LG