Низомиёни Покистон мегӯянд, ки бештар аз 300 нафар шӯришиёни Толибон шабона ба посгоҳе дар минтақаи қабиланишини Куррам ҳамла бурдаанд. Дар даргириҳо 10 сарбоз ва 40 шӯришӣ кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки Толибон талош доштаанд, баландиеро бо номи Ҷоги Калон ба контроли худ дароранд. Аз ин баландӣ метавон роҳи ағбаи Вазиристони Шимолиро ба сӯи Афғонистон контрол кард. Нируҳои артиши Покистон ин нуқтаро ҳафтаи гузашта пас аз як диргирӣ ба контроли худ дароварда буданд.