Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гингрич Ромниро дар бадбинии муҳоҷирон айбдор кард


Довталабони аслии ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Митт Ромнӣ ва Нют Гингрич дар арафаи интихоботи муқаддамотии рӯзи 31 январ дар аёлати Флорида баҳси телевизионӣ анҷом доданд.

Раиси пешини Маҷлиси намояндагони Конгресс Гингрич бори дигар Ромниро дар муносибати манфӣ ба муҳоҷирон айбдор кард, Ромнӣ дар навбати худ ин иттиҳомро рад кард. Бар пояи назарпурсиҳо, Ромнӣ ва Гингрич барои пирӯзӣ дар интихоботи аввалия дар Флорида шонси баробар доранд.

Рақиби раисиҷумҳури феълӣ Барак Обама аз ҳизби ҷумҳурихоҳон моҳи август маълум хоҳад шуд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико 6 ноябри соли 2012 баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG