Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи додгоҳӣ барои баррасии даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бар зидди Саидмукарам Абдуқодирзода-раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон шурӯъ кард. Моҳи декабр Шӯрои уламо эъломияе пахш ва дар он гуфт, ки оилаи Тӯраҷонзодаҳо Ошӯро-иди пайрвони шиаро дар масҷиди деҳаи худ баргузор кардааст. Аммо оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, онҳо Ошӯроро он гуна, ки пайравони шиа ид мекунанд, ид накардаанд. Ба гуфтаи вай, онҳо рӯзи шаҳодати Ҳусейн-набераи Муҳаммадро ид кардаанд ва дар давраи Шӯравӣ низ дар Масҷиди Ҷомеи шаҳри Душанбе ин рӯзро гиромӣ медоштанд.