Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз ҳамаи тарафҳои марбут ба баҳси ҳастаии Эрон даъват кард, шиддати ин баҳсро коҳиш диҳанд. Бан Ки-мун аз Теҳрон хост, таҳдиди худро ба бастани тангии Ҳурмуз, ки гузаргоҳи бахши бузурге аз нафти ҷаҳон аст, амалӣ накунад. “Ин баҳс роҳе ба ҷуз аз ҳалли осоишта надорад,” – гуфт Бан ба хабарнигорон ва афзуд, “забони таҳдид кӯмак нахоҳад кард.”
"Ин, яъне гулӯгоҳи Ҳурмуз, як маҳалли бисёр муҳим барои тиҷорати байнулмилалист ва биноан гузар барои ҳар киштӣ бояд озод буда, тибқи Қонуни баҳрнавардӣ ҳимоят шавад.”
Бан Теҳронро ба ҳамкорӣ бо Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ даъват кард. Пештар Сандуқи Байнулмилалии Пул гуфт, дар ҳоли баста шудани Ҳурмуз нархи нафт метавонад то 30 доллар барои бушка боло равад.