Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Ғарб хост, аз ҳизбҳои исломӣ натарасад


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар гузориши солонааш мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бар ҳароси худ аз исломи сиёсӣ дар Ховари Миёна пирӯз гардад. Ин ниҳод меафзояд, рад кардани ҳизбҳои афзоянда ва миёни мардум маҳбуби исломгаро дар минтақа зидди усули демократист. Кеннет Рос, мудири иҷроии Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт: “пазириши ҳизбҳои исломӣ ба маънои радди ҳуқуқи инсон нест, балки ба маънои парвариши унсури ба ҳуқуқ эҳтиромгузорандаи исломи сиёсист.” Ҳамзамон дар робита ба муносибати худи ин аҳзоб ҷаноби Рос гуфт, агар онҳо ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ мехоҳанд, бояд бидонанд, ки ин мафҳумҳо том ва тавъаманд:

“Ҳифзи озодиҳои сиёсӣ кори хеле мушкил хоҳад буд, агар ҳамзамон шумо ба озодиҳои мазҳабӣ ё ҳуқуқи занон арҷ намегузоред. Шумо наметавонед, озодиеро интихоб дигар озодиҳоро баҳам занед.”

Кеннет Рос, мудири иҷроии Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки дар Қоҳира гузоришро муаррифӣ мекард, гуфт, барои “Ихвон-ул- муслимин” як давраи имтиҳони ҷиддӣ пеш омадааст.
XS
SM
MD
LG