Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико, мегӯяд, кишвараш барои муқобила бо ҳаргуна чолиши эҳтимолӣ аз сӯи Эрон омодааст ва ниёзе барои тадобири вижа дар ин замина намебинад. Леон Панетта рӯзи чаҳоршанбе дар Вашингтон гуфт, артиши Амрико дар Халиҷи Форс ба қадри кофӣ нерӯ дорад, то ба ҳаргуна талоши Эрон барои бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз муқовимат кунад. Аз тариқи ин гулӯгоҳ сеяки нафти бозорҳои ҷаҳонӣ мегузарад ва бо тақвияти таҳримоти иқтисодӣ алайҳи барномаҳои атомии Эрон, Теҳрон таҳдид кардааст, ки ин гӯлугоҳро мебандад. Леон Панетта гуфт:"Мо ҳузури қавии худро пайваста дар Халиҷи Форс нигаҳ доштаем, то нишон диҳем, ки барои ҳифзи субот дар ин гӯшаи ҷаҳон ҳар кори мумкинро мекунем. Мо ҳамеша худро барои ҳаргуна пешомад омода кардаем, вале дар ҳоли ҳозир ба хотири рафъи пешомад, ҳеҷ иқдоми вижае нагирифтаем, зеро мо комилан барои ин кор омодаем." Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанде пеш яке аз киштиҳои бузурги ҳавопаймобар ва киштиҳои ҳамроҳи онро ба Халиҷи Форс фиристод, ки ба гуфтаи мақомоти расмӣ, бахше аз чархиши оддии нерӯҳо дар ин минтақа аст.