Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қотилони рӯзноманигор Динк эълон мешавад


Ҳрант Динк, акс аз соли 2006
Ҳрант Динк, акс аз соли 2006
Интизор меравад, имрӯз додгоҳи Истамбул ҳукми 18 нафар шахсонеро, ки дар куштори Ҳрант Динк-рӯзноманигори арманитабори Туркия гумонбар дониста мешаванд, эълон кунад. Соли 2007 Динк дар назди дафтари нашрияи дузабонаи туркманӣ-армании “Агос” дар рӯзи равшан ҳадафи тир қарор гирифт. Вай қаблан барои мақолаҳояш дар бораи куштори арманиҳо ба дасти туркҳои усмонӣ дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ду сол зиндонӣ шуда буд. Арманистон ин кушторро қатли ом медонад, вале Туркия онро рад мекунад. Як ҷавони 17 сола барои тир задан ба Динк гунаҳгор дониста мешавад ва ба вай 23 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале ин парванда ҳам дар дохил ва ҳам дар арсаи байналмиллалӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG