Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ ҳамла ба хабарнигори тоҷикро маҳкум кард


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ҳамла ба Додоҷон Атовуллоев, хабарнигори шинохтаи тоҷикро маҳкум кард, ки рӯзи панҷшанбе фарди ношиносе ӯро дар шаҳри Маскав ду теғ зад. Нина Огнианова, масъули барномаҳои ин созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар як баёнияе аз мақомоти Русия хостааст, қазияи ҳамла ба Додоҷон Атовуллоевро мӯшикофона таҳқиқ карда ва амнияти ӯро дар бемористон замонат диҳад ва гунаҳкоронро ба пойи курсии муҳокима бикашад. Додоҷон Атовуллоев ҳоло дар бемористоне дар Маскав аст ва табибон мегӯянд, ки ӯ шифо меёбад. Додоҷон Атовуллоев, муассис ва сардабири рӯзномаи “Чароғи Рӯз” яке аз мунтақидони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1997 дар Русия зиндагӣ мекунад. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро ба паст задани шаъну эътибори раиси ҷумҳур ва даъват ба сарнагунии ҳукумати қонунӣ муттаҳам карда ва аз Русия борҳо хостаанд, ки ӯро ба Тоҷикистон бисупорад, аммо бенатиҷа.
XS
SM
MD
LG