Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон мегӯянд, раҳбарашон зинда аст


Толибон дар Покистон хабари қатли раҳбари ин гурӯҳ дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарниши Амрикоро рад карданд. Як маъмури иттилоъотии Покистон пеш аз ин гуфт, мақомоти махсус гуфтӯгуи телефонии ҷангҷӯёни Толибро шунидаанд, ки дар бораи ҷузъиёти ҳалокати Ҳакимулло Маҳсуд дар вилояти қабоилиниши Вазиристони Шимолӣ воқеъ дар марзи Афғонистон сӯҳбат мекарданд. Ин ҳодиса рӯзи 12 январ сурат гирифтааст. Дар соли 2010 низ мақомоти Покистон гуфта буданд, ки Ҳакимуллоҳ Маҳсуд дар як ҳамлаи мушакии ҳавопаймои амрикоӣ ҷон додааст.
XS
SM
MD
LG