Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Боз як нафарро аз киштии Costa Concordia наҷот доданд

Costa Concordia
Имрӯз аз киштии сайёҳии Италия бо номи Costa Concordiaбоз як нафари дигарро пайдо карданд. Пои вай шикастааст. Қаблан ба гурӯҳи наҷот муяссар шуда буд, ки онҳо ба ҳуҷраи як зану шавҳари кореягӣ роҳ ёбанд ва онҳоро наҷот диҳанд. Роҳ ба ҳуҷраи онҳо баста буд. Вале то ҳол сарнавишти 40 нафари дигар номаълум боқӣ мемонад. Пештар ҷасади се нафарро пайдо карда буданд. Ин киштӣ рӯзи ҷумъа дар наздикии соҳил ба гил нишаст ва ба паҳлӯ хобид. Сабабҳои ин ҳодиса омӯхта мешавад. Новхудои киштӣ ё капитани он ва муовини аввали вай боздошт шудаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Коронавирус: Буҷаи нави Бритониё ва вазъ дар ИМА

Сиркҳои Бритониё аз мақомоти кишвар дархост доранд, ки ба фаъолияти онҳо иҷоза дода шавад

Қарор аст то 8 июл Бритониё ҷузъиёти як минибуҷаашро нашр кунад, ки дар он сармоягузорӣ ба зербиноҳои кишвар ба хотири кӯмак ба иқтисоди осебдида аз пандемияи коронавирус дар назар гирифта шудааст. Хароҷоти буҷа ҷудо кардани пул ба мактабҳо, хонаҳои арзону дастрас, таъмири роҳҳо ва нақлиёти мусофирбарро дар назар мегирад. Аз замони шурӯи пандемия дар Бритониё беш аз 44 ҳазор нафар ҷон дод ва ин баландтарин омор дар саросари Аврупо ба шумор меравад. Дар ИМА рекорди навбатии ҳодисаҳои нави коронавирус дар 24 соати гузашта ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи 7 июл 60,209 нафар ба коронавирус гирифтор шуд ва шумори умурии олудашудаҳо дар кишварро ба 3 миллион нафар наздик кард. Бино ба иттилои Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумори умумии фавтидаҳо дар ИМА 131,362 нафарро ташкил медиҳад ва дар як рӯзи 7 июл 1,114 нафар ҷон додаанд. Бразилия, ки баъди ИМА дар омор дуюм мебошад, 1,6 миллион шахси олудаву 66 ҳазор ҳолати маргро ба қайд гирифтааст. Президенти популисти ин кишвар Жаир Болсонаро, ки дарозмуддат ҷиддияти коронавирусро рад мекард, худ ба ин беморӣ гирифтор шудааст.

Собиқ журналисти рус дар фурӯши иттилои низомӣ ба Ҷумҳурии Чех муттаҳам шуд

Додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав

Русия як журналисти собиқро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат муттаҳам карда мегӯяд, ки ӯ гӯё маълумоти махфӣ дар бораи силоҳҳоро ба як ҳукумати узви НАТО медод. Бархе боздошти Иван Сафроновро ҳамла ба озодии баён меноманд. Сафронов аз моҳи маи соли ҷорӣ ба унвони мушовири раиси оҷонсии Роскосмос кор мекард, вале ин оҷонсӣ дафъатан гуфт, ки боздошту иттиҳоми ӯ ба кораш дар ин идора рабте надорад. Рӯзи 7 июл Сафронов боздошт шуд ва хонааш, ки дар берун аз Маскав ҷойгир аст, аз ҷониби ходимони ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) кофтуков шуд. Дар додгоҳ Сафронов гуфт, ки бегуноҳ аст. Бо қарори додгоҳ ӯ то 6 сентябр дар боздоштгоҳ мемонад. Вакили дифои Сафронов – Иван Павлов гуфт, ки ба қавли додситонҳо, Сафронов соли 2017 иттилоъ дар бораи фурӯши силоҳҳои русӣ ба кишварҳои Ховари Миёнаву Африқоро дар ихтиёри Ҷумҳурии Чех қарор додааст. Он замон Сафронов ҳамчун журналист кор мекард. Ба қавли Павлов, Русия иддао кардааст, ки манфиатбари ниҳоии ин иттилоъ ИМА буд. Дар сурати айбдор эълон шудани Сафронов ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Боздошти Сафронов яке дигар аз иқдомҳои мақомоти ҳифзи қонуни Русия дар қиболи журналистону муҳаққиқон аст, ки ин сохторҳо ва аз ҷумла ФСБ-ро дар саркӯби озодии баён гунаҳгор мекунанд. Рӯҳи 7 июл дар беруни қароргоҳи ФСБ дар Маскав як намоиши эътирозӣ ба ҳимояти Сафронов баргузор шуд.

СММ: Ҳамлаҳои ҳавоии Русияро метавон ҷинояти ҷангӣ номид

Шаҳри Идлиби Сурия. 4 май, 2020.

Коршиносони СММ мегӯянд, ҳавопаймоҳои низомии Русия ва ҳукумати Сурия дар вилояти Идлиб ба мактаб, беморхона ва бозорҳо як қатор ҳамлаҳоро анҷом додаанд, ки мешавад онҳоро ҷинояти ҳарбӣ номид.

Дар гузориши комиссияи мустақили байналмилалии СММ оид ба таҳқиқи ҳаводиси Сурия омадааст, дар натиҷаи бомборони неруҳои ҳукуматӣ пеш аз оташбаси моҳи март садҳо одам ҷон бохта, ҳудуди як миллион нафар маҷбур шуданд, хонаҳои худро тарк кунанд. Гузориш, ки давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2020-ро дар бармегирад, дар асоси парвозҳо ва гуфтаи шоҳидон таҳия шудааст.

Комиссия ҳамчунин дар ҳамла ба минтақаҳои аҳолинишини шимолу ғарби Сурия гуруҳи "Ҳаёт Таҳрир аш-Шом"-ро айбдор кардааст. Ба гуфтаи коршиносон, ҳамлаҳои гуруҳ ба минтақаҳои аҳолинишин "бидуни ҳадафи возеҳи қонуни ҷангӣ" анҷом шудаанд. Ҷангҷӯёни гуруҳ ба шиканҷа ва қатли асирон ҳам айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи раҳбари комиссия Пауло Пинейру, гуруҳу созмонҳои рӯ ба ҳукумати Сурия, ки аз сӯи СММ террористӣ эълом шудаанд, қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи шаҳрвандонро сахт поймол кардаанд. Дар гузориш 52 ҳамлае зикр шудааст, ки 42-тоашонро неруҳои ҳукумати Сурия бо дастгирии низомиёни рус анҷом додаанд.

Флешмоби духтарони ӯзбек зидди хушунат

Як гуруҳ аз духтарони узбек, ки узви анҷумани онлайнии Exponautz Art Gallery мебошанд, ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи занон зидди хушунат флешмоб баргузор карданд. Онҳо бо нашри аксҳо дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз дигарон низ даъват карданд, ки ташаббусашонро дастгирӣ кунанд.

"Мо аз хушунат хаста шудем. Аз хомушӣ, сабр ва фикр кардан, ки он як чизи маъмулӣ аст ва мегузарад, хаста шудем. Мо дигар тарсидан, шарм кардан ва пинҳон шудан намехоҳем. Мо танҳо мехоҳем, худ интихоб кунем, ки чи бипӯшем, чи кор кунем ва чи бигӯем. Бо огаҳӣ аз ҳаводиси Узбекистон мо тасмим гирифтем, флешмоберо баргузор кунем", - навиштааст яке аз иштирокдорони иқдом дар Фейсбук.

Дар аксҳое, ки духтарон нашр кардаанд, навишта шудааст, "Зан ҳайвон нест!", "Келин хидматгор нест!", "Бадани ман - кори ман!". Иштирокдорон дар назди меҳмонхонаи "Узбекистон" ва қасри "Дӯстии халқҳо" акс гирифтаанд. Флешмоби гуруҳи Exponautz Art Gallery дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.

Ин иқдоми духтарони узбек баъди ҳодисаи шаҳри Фарғона баргузор шуд. Дар яке аз кучаҳои шаҳр ҷавонон ду духтарро, ки либоси нимбараҳна доштанд, латтукӯб карданд. Видеои латтукӯб дар интернет нашр шуд. Вале парвандаи онҳо то ба додгоҳ нарафт.

Президенти Бразилия ба коронавирус мубтало шуд

Жаир Болсонару, раиси ҷумҳури Бразил.

Президенти Бразилия Жаир Болсонару рӯзи сешанбе дар як суҳбати телевизиониаш хабар дод, ки натиҷаи санҷиши ӯ барои вирус мусбат баромадааст.

Болсонару ба хотири бештар шудани нишонаҳои беморӣ, аз ҷумла таби баланд як рӯз пеш бори панҷум озмоиш супорида буд. Вай дар гузашта борҳо нигарониҳои ҷомеаро дар робита ба коронавирус "муболиға" ва "беасос" меномид.

Ӯ ҳатто аз раҳбарони минтақаҳои кишвараш хост, маҳдудиятҳоеро сабуктар созанд, ки ба гуфтааш, ба иқтисод осеб мерасонанд.

Вай дар суҳбати телевизионӣ дар бораи баланд шудани ҳарорати баданаш ҳарф зада, вале гуфт, "аллакай поин рафтааст ва худамро хуб ҳис мекунам".

Ба гуфтаи Болсонару, ӯ нишонаҳои бемориро рӯзи якшанбе бори нахуст ҳис карда, аввал тасфаш баланд шудааст. Сипас, сулфа зиёд шуда, нафастангӣ пайдо гаштааст. Рӯзи душанбе вазъаш бадтар шуда, дубора озмоиш супоридааст.

Жаир Болсонару моҳи апрели имсол гуфта буд, ки агар ба коронавирус мубтало ҳам шавад, нигарон нахоҳад шуд. Зеро онро монанди як зукоми сабук ё сармохурдагӣ пушти сар хоҳад кард. Вакте президенти Бразилия ин суханҳоро мегуфт, шумори фавтидагон бар асари коронавирус дар ин кишвар ба 3 ҳазор расида, ҳудуди 40 ҳазор одам ба он мубтало шуда буданд.

Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар аз ин беморӣ 65 ҳазор ҷон бохта, 1 600 000 кас мубтало шудаанд.

Омори нав: Теъдоди беморони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 6300 нафар гузашт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 53 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси нав тасдиқ шудааст. Бо ин рақам шумори умумии беморон дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл ба 6315 нафар расид.

Тибқи омори расмӣ, то имрӯз 4965 нафар ё беш аз 78 фоизи гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон шифо ёфта, 53 тан қурбон шуданд.

Шубҳаву гумонҳо ба омори расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи теъдоди гирифторон ба COVID-19 то ҳанӯз боқист. Бахусус дар шароите, ки кишварҳои ҳамсоя аз афзоиши теъдоди гирифторон хабар доданд, дар Тоҷикистон омори беморон ҳафтаи сеюм аст, ки рӯ ба коҳиш аст.

Ахиран "Азия-Плюс" хабар дод, ки аз миёни муҳоҷирони тоҷик, ки аз марзи Қазоқистон оварда шуданд, 70 нафарашон ба коронавируси нав сироят ёфтаанд.

Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон чораҳои эҳтиётӣ ба хотири коронавирус аз нав пурзӯр шуданд. Вале дар Тоҷикистон маҳдудияти хосе вуҷуд надорад. Танҳо рӯзи 4-уми июл бо ризояти президенти Тоҷикистон барои надоштани ниқоби тиббӣ, паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри "ахбори носаҳеҳ" дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин шуд.

Матолиби бештарро дар бораи коронавируси нав дар Тоҷикистон дар ин ҷо бихонед

70 муҳоҷири бозгаштаи тоҷик аз Қазоқистон гирифтори коронавирус будаанд

Дар миёни 776 муҳоҷири дармондаи тоҷик, ки аз марзи Қазоқистон оварда шуданд, 70 нафарашон гирифтори бемории COVID-19 будаанд. Дар ин бора хабаргузории Азия-Плюс бо такя ба манобеаш дар бахши тандурустии вилояти Суғд хабар додааст.

Ба қавли расона, ҳамаи онҳое, ки дар танашон коронавируси нав ошкор шуд, дар беморхонаҳои вилояти Суғд бистарӣ шуданд. Манбаъ гуфтааст, муҳоҷирони гирифтор ба коронавируси нав асосан сокинони вилояти Хатлон мебошанд.

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба далели баста будани марзҳо дар Қазоқистону Узбекистон дармонда буданд, рӯзи 4-юми июл ба кишвар оварда шуданд. Шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро дар Қазоқистон Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва бо ёрии Норвегия овард.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар изҳороте рӯзи 3-юми июл гуфт, "кӯдакон ва модаронашон дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифтор шудан ба COVID-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд."

Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд аз БАТР $ 2 млн. қарз пурсид

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 2 миллион доллар қарз хостааст.

Маъмурияти БАТР рӯзи 7-уми июл хабар дод, ки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо хуруҷи короновирус ва қатъи парвозҳо даромадашро аз даст додааст. Тибқи хабари бонк, фурудгоҳ барои нигоҳ доштани фаъолият то 21-уми апрели соли 2021 барои гирифтани 2 миллион долар қарз муроҷиат кард.

БАТР ин қарзро ба Фурудгоҳ ҷудо кардааст, вале ҷузъиёти доду ситади ду ҷониб ҳанӯз маълум нест. Қарзпурсии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз БАТР дар ҳолест, ки Фурудгоҳи Душанбе ҳудуди 1500 нафар кормандашро ба рухсатии бемузд фиристодааст.

Дар пайи хуруҷи пандемияи коронавирус наздик ба 10 ҳазор нафар дар соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон бе кор монданд.

Сӯхтор дар фурӯшгоҳи "Ашан"-и Душанбе. ВИДЕО

Сӯхтор дар фурӯшгоҳи "Ашан". 7 июл, 2020.

Баъд аз зӯҳри 7-уми июл фурӯшгоҳи бузурги "Ашан" дар Душанбе оташ гирифт. Дар наворҳое, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки аз болои боми фурӯшгоҳ дуд мебарояд.

Корбарон мегӯянд, мошинҳои оташнишонӣ дертар ба ҷои ҳодиса расиданд. Сӯхтор хомӯш карда шудааст. Сабаби сӯхтор ва зарари расида ҳанӯз маълум нест.

Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҳаҷми сӯхтор хурд буд. Сӯхтори талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Фурӯшгоҳи "Ашан" моҳи июни соли 2016 ба фаъолият оғоз кард. Ба гуфтаи мақомот, барои бунёди он 13 миллион доллар сарф шудааст.

"Ашан" калонтарин фурӯшгоҳи фаронсавӣ дар пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Навор аз ин сӯхторро инҷо тамошо кунед:

Бритониё 25 мақомдори русро аз рӯи қазияи Магнитский таҳрим кард

Аз чап ба рост: Никита ва Наталя Магнитскийхо - писар ва модари ҳуқуқшинос, Доминик Рааб, вазири хориҷаи Бритониё ва раҳбари Hermitage Capital ва як фаъоли зидди Кремлин Билл Браудер. 6 июли соли 2020, Лондон

Бритониё нисбати беш аз бист мақоми Русия дар робита бо куштори вакили дифоъ Сергей Магнитский таҳрим ҷорӣ кард. Лондон мегӯяд, ки бо сабаби амалҳои харобкоронаи Маскав равобити ду кишвар “номуайян” боқӣ мемонад. Дар феҳристи 25 мақоми таҳримшудаи Русия, ки рӯзи 6 июл нашр шуд, исми Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотӣ ва як узви ҳалқаи афроди бисёр наздики президенти Русия Владимир Путин ва ҳам чанд додрасу додситон ворид шудааст. Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб, ки дар гузашта ҳомии ҳуқуқ будааст, рӯзи 6 июл дар Твиттер навишт, ки таҳримҳо “нафаронеро ҳадаф қарор додааст, ки даст ба нақзи бисёр ҷиддии ҳуқуқи башар задаанд” ва Бритониёро “ба як нирӯи аз ин қавитар барои амалҳои хуб дар ҷаҳон дар солҳои оянда” табдил медиҳад.

Рааб дар сӯҳбат бо оҷонсии Ройтерс гуфт:

“Ҳамеша одамон ваё гурӯҳи нафароне ҳастанд, ки барои нақзи бисёр ваҳшатноки ҳуқуқи инсон масъулият доранд. Ба ҳамин хотир, ба назари ман, дуруст аст, ки ба ҳайси як василаи сиёсати хориҷӣ, мо афроди масъул барои чунин қонуншиканиҳо – шиканҷа, кушторҳои худсарона ваё чизе монанд ба инро - муҷозот кунем, яъне дороиҳояшонро масдуд ва додани виза манъ шавад. Барои изҳори мавқеи байналмилалии мо дуруст мешавад, ки бигӯем, ки мо намехоҳем, ки ин афроди масъули ҷиноятҳои мудҳиш, онҳое, ки дасташон дар хун олуда шудааст, ба ин кишвар омада, дар Найтсбриҷ ваё Кингз Роуд харидҳои солинавӣ бикунанду тавассути муомилаҳои бонкиву хариди хона ба иқтисоди ин ҷо сармоягузорӣ бикунанд”.

Сергей Магнитский як ҳомии ҳуқуқи Уилям Браудер, сармоягузори зодаи ИМА ва шаҳрванди Бритониё буд, ки соли 2009 дар як боздоштгоҳи Маскав аз бемории номуайяне даргузашт. Ин қазия таваҷҷӯҳи зиёди байналмилалиро ҷалб кард.

Боздошти хабарнигори собиқи “Коммерсантъ” бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат"

Иван Сафронови 30-сола аз моҳи маи соли ҷорӣ дар мақоми мушовири раиси корпоратсияи Роскосмос Дмитрий Рогозин оид ба сиёсати иттилоотӣ кор мекард

Дар Маскав собиқ хабарнигори нашрияҳои “Коммерсантъ” ва “Ведомости” Иван Сафронов бо иттиҳоми хиёнат ба давлат боздошт шуд. Дар ин бора Радио Свобода хабар медиҳад. Ӯ аз моҳи маи соли ҷорӣ дар мақоми мушовири раиси корпоратсияи Роскосмос Дмитрий Рогозин оид ба сиёсати иттилоотӣ кор мекард. Вале тавре кордиҳандааш ба вебсайти «Открытые медиа» гуфтааст, ин парванда ба Роскосмос рабте надорад. Оҷонсии РИА Новости аз қавли ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) менависад, ки дар ин сохтор бовар доранд, ки Сафронов як хадамоти вижаи кишвари узви НАТОро бо маълумоти сиррӣ оид ба ҳамкориҳои Русия дар бахши низомиву фаннӣ, дифоӣ ва амниятӣ таъмин мекард. Феълан маълум нест, ки гап дар бораи кадом кишвар меравад. Инчунин мавқеи худи Сафронов ба ин қазия маълум нест.

Сафронов 30 сол дошта, дар гузашта хабарнигори “Коммерсантъ” буд. Падари ӯ шореҳи низомӣ Иван Сафронов соли 2007 даргузашт. Моҳи маи соли 2019 Сафронови хурдӣ баъди нашри мақола оид ба эҳтимоли тарки мақом кардани раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко аз кор дар нашрияи “Коммерсантъ” ронда шуд. Ин ҳолат дар редаксияи “Коммерсантъ” як бӯҳронро ба вуҷуд овард ва баъди ӯ тамоми кормандони шӯъбаи сиёсӣ ба истеъфо рафтанд. Июни соли 2019 ТАСС хабар дод, ки нисбати Сафронов барои матлабе дар “Коммерсантъ” парвандаи «эҳтимолан» маъмурӣ боз шудааст. Нашрияро мехостанд барои фош кардани маълумоти дорои хусусияти сиррӣ ба ҷавобгарӣ кашанд. Сабаби боз шудани парванда гуфта намешуд, вале дертар мақолае дар бораи он, ки бар асоси қарордод Миср соҳиби ҳавопаймоҳои ҷангии навъи Су-35 мешавад, аз вебсайти нашрия бардошта шуд. Баъди ин нашрияи The Bell навишт, ки котиби давлатии ИМА Майк Помпео ба Миср таҳдид кардааст, ки агар Қоҳира ба хариди ҳавопаймоҳои русӣ иқдом кунад, мавриди таҳрим қарор мегирад.

Раиси кулли “Коммерсантъ” Владимир Желонкин ба вебсайти «Открытые медиа» хабар дод, ки вақтҳои охир нашрия дар робита бо нашри хабар оид ба ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳеҷ мушкиле надошт. Ӯ гуфт, ки матни мақола наметавонад аз назари фош шудани сирри давлатӣ баррасӣ шавад.

Дар як соли гузашта Сафронов ҷузъиёти фоҷеаи киштии зериобии ҳастаии "Лошарик", тақдими махфии ҷоизаи Қаҳрамони Русия ба раҳбари Ростех Сергей Чемезов ва рӯй додани як ҳолати фавқулодда дар ҷараёни тамринҳои стратегии "Гром-2019"-ро хабар дода буд.

Моддаи “хиёнат ба давлат” то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Як хеши президенти Русия Владимир Путин ҳизберо барои муқобила бо фасод таъсис дод

Роман Путин писари амакбачаи президенти Русия Владимир Путин аст

Як хеши президенти Русия Владимир Путин барои раҳбарии ҳизби сиёсие интихоб шуд, ки мегӯяд, кораш аз мубориза бо фасод иборат хоҳад шуд. Роман Путин писари амакбачаи президенти Русия - Игор Путин аст. Ӯ рӯзи 5 июл раиси ҳизби сиёсии “Мардум бар зидди фасод” интихоб шуд. Роман Путин 42 сол дошта, собиқ афсари ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) аст. Путин солҳои 1990-ум раҳбарии ин сохторро ба ӯҳда дошт. Ӯ гуфт, ки ҳизбаш дар интихоботи минтақавии соли ҷорӣ ва интихоботи парлумонии соли оянда иштирок хоҳад кард. Мухолифони Русия Путинро дар он муттаҳам мекунанд, ки дар давоми бист соли кораш ба ҳайси президент ва нахуствазири Русия дар кишвар фасоду коррупсия фаровон шудааст. Аз миёни дӯстони Путин чанд нафарашон дар ин муддат миллиардер шудаанд.

Ашраф Ғанӣ аз афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон нигаронӣ кард

Конфронси видеоӣ бо ширкати президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод. Акс аз 2 июли соли 2020

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳушдор дод, ки афзоиши хушунатҳои ҷангҷӯён дар кишвар ба ҷараёни сулҳ бо Толибон “хатари ҷиддӣ” эҷод мекунад. Рӯзи 6-уми июл зимни суханронӣ дар як конфронси онлайнӣ бо ширкати бархе раҳбарони байналмилалӣ, Ашраф Ғанӣ гуфт, ки мизони феълии хушунат дар қиёс бо соли гузашта хеле баланд аст ва ин дар ҳолест, ки кишвар дар ҷараёни омодагӣ ба шурӯи музокироти сулҳ қарор дорад. Ӯ гуфт, “агар Толибон ҷангҳоро идома диҳанд, ҷараёни сулҳи Афғонистон бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд”.

Мақомоти Афғонистон ва Толибон ба шурӯи музокироти мустақими байниҳамдигарӣ барои хатми ҷанги қариб бистсолаи кишвар омода мешаванд. Вале мақомоти Афғонистон мегӯянд, баъди се рӯзи оташбас дар охири моҳи май, Толибон дар ҳафтаҳои ахир даст ба куштори садҳо нирӯҳои амниятӣ ва афроди мулкӣ задаанд. Вале Толибон аксари ин ҳамлаҳоро рад карда, танҳо ҳамлаҳо ба нирӯҳои амниятӣ дар манотиқи дурдастро эътироф кардаанд.

Конфронси видеоӣ бо ширкати раҳбарони Афғонистон ва намояндагони 20 кишвар – ИМА, Русия, Покистон, Ҳинд, Эрон, Чин, Қатар, Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон баргузор шуд. Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин конфронс Тоҷикистонро дипломатҳои тоҷик намояндагӣ карданд. Аз миёни созмонҳои байналмиллӣ СММ ҳам ширкат кард. Давоми ҳафтаи ҷорӣ Ғанӣ ду видеоконфронси дигарро ҳам баргузор хоҳад кард.

Ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул дар чаҳорчӯби созиши миёни ҷангҷӯёну Вашингтон беш аз 4 ҳазор Толибонро аз зиндонҳо озод карданд. Бар асоси ин созиши моҳи феврал имзошуда Толибон ҳам 750 зиндонии ҳукуматиро озод кардаанд.

Созиши ИМА ва Толибон мегӯяд, то миёнаҳои моҳи июл шумори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон аз 12 ҳазор ба 8600 нафар коҳиш дода мешавад ва дар сурати иҷро шудани ҳама шартҳои созиш, то миёнаҳои соли 2021 нирӯҳои хориҷӣ пурра Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Оғози тафтишот зидди сарони бузургтарин ширкатҳои дорусозии Қирғизистон

Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон хабар дод, ки зидди раҳбарони бузургтарин ширкатҳои дорусози ин кишвар тафтишотро оғоз кард.

Масъулони хадамот мегӯянд, дар пайи як санҷиш ҳолатҳои беасос боло бурдани нархи дору ва лавозимоти тиббиро дар ин кишвар ошкор кардаанд. Санҷиш дар асоси шикояти сокинон ва ду созмон сурат гирифтааст.

"Бо қарори додгоҳ ва додситонӣ тамоми санадҳои муҳосиботии ширкатҳо мусодира мешавад. Хадамот маҷбур аст, номи ширкату дорухонаҳоеро оммавӣ кунад, ки ҳолатҳои бидуни асос боло рафтани нархи доруву лавозимоти тиббӣ дар онҳо ошкор шудааст. Мардум бояд донад, ки кӣ аз вазъи пешомадаи эпидемиологӣ сӯистифода мекунад", - омадааст дар иттилоияи хадамот.

Вактҳои ахир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон шикоят доранд, ки нархи дору ва лавозимоти тиббӣ дар ин кишвар боло рафтааст. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар мулоқот ба вазири тандурустии ин кишвар Собирҷон Абдикаримов дастур дод, ки ба мушкили норасоии дору ва болоравии беасоси нархҳо роҳ дода нашавад.

Интиқоди Мирзиёев аз фаъолияти бонкҳои тиҷории Узбекистон

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба зарурати тезонидани раванди шакливазкунии бонкҳои тиҷорӣ дар ин кишвар таъкид кард.

Ӯ дар ин бора 6 июл дар ҷаласаи бахшида ба иҷрои Стратегияи ислоҳоти низоми бонкдорӣ дар Узбекистон барои солҳои 2020-2025 ва тезонидани раванди шакливазкунии бонкҳои тиҷорӣ изҳори назар кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, дар ҳоли ҳозир танҳо 6 бонк -- "Ипотекабонк", "Саноаткурилишбонк", "Туронбонк", "Асакабонк", "Алоқабонк" ва "Агробонк" дар робита ба масоили ташхиси молӣ ва таҳияи стратегияи дарозмуддат бо созмонҳои байналмилалии молӣ ҳамкориро оғоз кардаанд. Вале ба гуфтаи Мирзиев, раванди шакливазкунии бонкҳои боқӣ хеле кунд пеш меравад.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин решакан кардани фасодкорӣ дар низоми Бонкии Узбекистон ҳам баррасӣ шудааст. Мирзиев аз раҳбарони бонкҳо хостааст, ба хотири решакан кардани коррупсия чораҳои қатъӣ андешанд.

Баъди таъхири чандинмоҳа ҳайати СҶТ ба Туркманистони “бекоронавирус” ворид шуд

Оҷонсии Reuters менависад, баробари ба Туркманистон ворид шудани ҳайати СҶТ, ронандаҳои автобусҳои Ашқобод бо ниқоби тиббӣ дар рӯй сари кор дида шуданд

Як ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки муддатҳо пеш мехост вориди Туркманистон шавад, ниҳоят тавонист шоми 6 июл вориди Ашқобод шавад. Туркманистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки мегӯяд дар ин кишвар касе ба коронавирус гирифтор нашудааст.

Кетрин Смолвуд, раҳбари ҳайат гуфт, ки гурӯҳи ӯ бо мақомоти Туркманистон дар амри омодагӣ барои вокуниш дар қиболи COVID-19 ҳамкорӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки ин омодагӣ аз ҳамоҳангиву назорати системаи миллӣ, вазъи эпидемиологиву назорати он, хадамоти лабораторӣ, мудирияти беморон, пешгирӣ аз сироятшавӣ ва назорату хатари муошират иборат хоҳад буд. Ҳайат бояд даҳ рӯзи ояндаро дар Туркманистон сипарӣ кунад. СҶТ давоми ду моҳ дар талоши ин буд, ки ба Туркманистон ворид шуда, иддаоҳои Ашқобод дар заминаи ин ки дар ин кишвар ҳеҷ як ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, таҳқиқ бикунад. Сволвуд дар изҳороташ гуфт, ки мушкили сафари онҳо ба Туркманистон бо маҳдудияти парвоз дар давраи пандемияи коронавирус бастагӣ дошт.

Сволвуд дар изҳороташ гуфт, ки СҶТ ба Туркманистон дар амри бархӯрд бо паёмадҳои дарозмуддати пандемияи коронавирус мусоидат мекунад. Ӯ гуфт, “Туркманстон тавонист як гурӯҳи кории бисёрсохтории муқобила бо COVID-19-ро таъсис диҳад; нақшаи омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19-ро тартиб дод; раҳамои ҷилавгирӣ, ташхис ва табобати COVID-19-ро таҳия намуд. Ҳоло ҳукумат иқдоми муҳиме дар самти тағири сохтории муассисаҳо ва кормандони тибби ҳама сатҳҳоро анҷом медиҳад. Ин кор истифодаи муассисаҳову тамрини кормандони тиб(-ро мутобиқ бо COVID-19) дар бар мегирад”.

Бо ин ки мақомоти Туркманистон расман мегӯянд, ҳеҷ ҳодисаи олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, гузоришҳои зиёд бар пояи иттилои ходимони тиб ва мақомоти беному сокинони маҳаллӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар беморхонаҳои маҳаллӣ мардуми зиёд бо нишонаҳои COVID-19 табобат мегиранд.

Таҳлилгари саршиноси ироқӣ баъди таҳдидҳои ҷангҷӯёни Эронгаро кушта шуд

Ҳишам ал-Ҳошимӣ 47 сол дошт ва яке аз таҳлилгарони боэътибори мавзӯи гурӯҳҳои ҷангҷӯи мисли "Давлати исломӣ", Ал-Қоида ва ҳам гурӯҳҳои ҷангии мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ буд

Як сиёсатшиноси маъруфи ироқӣ баъди он ки аз ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эрон чандин бор таҳдид шудааст, рӯзи 6 июл дар беруни хонааш дар шаҳри Бағдод кушта шуд. Афроди мусаллаҳи мотосиклсавор ба сӯи Ҳишам ал-Ҳошимии 47-сола тир холӣ карда, аз маҳалли ҳодиса фирор намуданд. Ҳошимӣ чанде баъд дар беморхона ҷон дод. Вай яке аз донишмандони бисёр мӯътабар дар масоили гурӯҳи “Давлати Исломӣ”, Ал-Қоида ва гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Ироқ буд. Ӯ як чеҳраи фаъоли телевизионӣ ҳам буд ва назару таҳқиқоти ӯро давлат, журналистон ва муҳаққиқон фаровон истифода мекарданд. Дар ин охирҳо ӯ бештар дар бораи ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эрон ва фасод дар миёни элитаи сиёсии Ироқ назарҳо медод. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале ба гуфтаи оилаву дӯстонаш вақтҳои охир ба ӯ ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эрон зиёд таҳдид мекарданд. Нахуствазири Ироқ Мустафо Козимӣ дар изҳороте гуфт, ки нирӯҳои амниятӣ “тамоми талошашонро ба харҷ медиҳанд”, ки қотилони таҳлилгари сиёсӣ пайдо шаванд. Козимӣ дар моҳи май, замони сари кор омаданаш ваъда дод, ки алайҳи ҷангҷӯёни рӯ ба Эрон, ки дар ҳамлаҳои мушакӣ ба низомиёни амрикоиву муассисаҳои дипломатӣ даст доранд, мубориза мебарад.

Полиси Австрия гузаштаи марди чечентабори кушташударо таҳқиқ мекунад

Мамихан Умаров дар солҳои охир блогнависӣ мекард

Полиси Австрия ба омӯзиши зиндагиномаи паноҳҷӯи чечентабори кушташуда дар ин кишвар пардохтааст. Полис исми қурбониро фош намекунад, вале ба иттилои хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин шахс Мамихан Умарови 43-сола мебошад. Умаров рӯзи 4 июл дар як сӯиқасд дар канораҳои Вена ҳадафи тири туфанги ҳамлагаре қарор гирифт ва ҳоло полис мехоҳад мушаххас кунад, ки то куҷо ин куштор дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Дар робита бо куштор ду шаҳрванди чечентабори Русия боздошт шудаанд. Матбуоти маҳаллӣ гузориш дод, ки ҳамлагар аз дохили як фурӯшгоҳи таъмири мошин дар шаҳраки Герасдорф ба сӯи қурбонӣ панҷ бор тир кушод ва Умаров то омадани мошини ёрии таъҷилӣ даргузашт. Мамихан Умаров аз соли 2005 муқими Австрия буд ва ду сол баъд мақоми паноҳандагӣ гирифт. Умаров дар гузашта дар сафи ҷудоиталабони чечен хидмат карда, як мунаққиди президенти Чеченистон Рамазон Қодиров гардид. Ду гумонбари боздоштшуда бо гумони куштори Умаров ҳам оғози солҳои 2000-ум ба Австрия рафтаанд. Таҳқиқи қазияро муфаттишони ниҳодҳои таҳқиқоти ҷосусиву зиддитеррористӣ ба ӯҳда гирифтаанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар Қодировро, ки аз соли 2007 дар сари қудрат аст, дар ҳодисаҳои зиёди поймолшавии ҳуқуқи башар, шиканҷа, кушторҳои худсарона, нопадидшавиҳо ва кушторҳои ҳадафмандонаи шахсиятҳои сиёсиву рақибони хусусӣ ҳам дар Русия ва ҳам дар хориҷ аз он гунаҳгор мекунанд.

Сироятшиноси калони ИМА: Вазъ бо коронавирус "воқеан ҳам хуб нест"

Озмоишгоҳе дар Сан-Паоло, Бразилия

Дар пасманзари афзоиши ҳодисаҳои гирифтории нав ва бистаришавиҳои бештар дар ИМА сироятшиноси аршад дар ин кишвар гуфт, ки вазъи коронавирус ”вақеан ҳам хуб нест”. Энтони Фаучи рӯзи 6 июл гуфт, ИМА ҳанӯз дар умқи мавҷи аввали вирус аст, чун, ба фарқ аз Аврупову Осиё, ҳеҷ гоҳ ба таври ҷиддӣ хуруҷи бемориро назорат накарда иқтисодро хеле зуд боз кардааст. Президент Доналд Трамп хатари бемориро камтар нишон дода дар боз кардани иқтисод шитоб кард. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки дар рӯзҳои наздик шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар ИМА ба 3 миллион нафар баробар шуда, рӯзи 6 июл талафот аз 130 ҳазор нафар гузашт. Баъди ИМА кишвари Бразилия ҳам аз шадидан осебдидаҳои коронавирус мебошад. Ин ҷо талафоти инсонҳо 65,487 ва олудашудаҳо 1,6 миллион нафарро ташкил додааст. Баъди он ки бархе матбуот навишт, ки дар вазъи сиҳҳатии президенти Бразилия нишонаҳои олудагӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад, Жаир Болсонаро гуфт, ки рӯзи 6 июл озмоиши компютерии шуш ва як тести дигари коронавирусро гузаштааст. Раҳбари популисти Бразилия хатари вирусро ҷиддӣ нагирифт ва дар мазҳари ом ҳам намоишкорона аз пӯшидани ниқоб худдорӣ ва бо тарафдоронаш мулоқотҳо доир кард.

Ҳинд ҳам шоҳиди афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба вируси нав шуда, омори гирифорони наваш аз Русия пеш гузаштааст. Дар ин кишвар, ки сеюм дар ҷаҳон шуд, шумори олудашудаҳо 700 ҳазор ва марги инсонҳо 20 ҳазор нафарро ташкил додааст. Вале боз ҳам бовар меравад, ки дар ин кишваре бо 1,3 миллиард ҷамъият омори воқеии олудашавиҳову талафот бештар буда метавонад.

Ҳайати СҶТ оид ба COVID-19 озими Туркманистон шуд

Бахши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) оид ба коронавирус ё худ СOVID-19 рӯзи 6-уми июл озими Туркманистон шуд. Дар ин бора раҳбари Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо Ханс Клюге дар Твиттер хабар дод.

Як рӯз пеш аз он намояндаи Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои изтирорӣ Катерине Смоллвуд (Catherine Smallwood) дар суҳбат бо сомонаи расмии СММ гуфта буд, ки маъмурияти созмон ба хотири ҳамкорӣ бо мақомоти Туркманистон дар робита ба омодагӣ ва вокуниш ба вируси ҳамагир озими шаҳри Ишқобод мешавад.

Ҳайат дар ҷараёни сафари даҳрӯзааш талош мекунад ба хотири арзёбии хатару коркарди механизми вокуниш ба вазъ бо мақомҳои баландпоя ва коршиносони Туркманистон дар умури саломатии аҳолӣ мулоқот карда, аз бемористону озмоишгоҳҳои ин кишвар дар минтақаҳо боздид намояд.

Туркманистон аз зумраи кишварҳои ангуштшуморе мемонад, ки иддао дорад, коронавирус ба он роҳ наёфтааст. Ин иддаои раҳбарияти Туркманистон дар ҳолест, ки шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Дарҳои осорхонаи Луври Порис баъди 4 моҳ дубора боз шуданд

Осорхонаи Луври шаҳри Порисро, ки моҳи марти соли равон ба иллати коронавирус баста шуда буд, дубора боз карданд.

Вале дар осорхона чанд муддати дигар низ баъзе аз маҳдудиятҳо боқӣ мемонанд. Ворид шудан бидуни ниқоб манъ буда, шумори тамошобинон ва ҷойгиркунии онҳо дар толорҳо сахт назорат мешавад.

Лувр, ки аз 13 март баста шуда буд, тақрибан 40 миллион евро зарар дидааст. "Шонси мо омад, ки осорхона давлатӣ аст", - изҳор дошт мудири осорхона Жан-Люк Мартинес.

Рӯзи душанбе дар назди осорхонаи мазкур роҳбаладони ҷаҳонгардон даст ба эътироз зада, гуфтанд, мақомот барои пуштибонии кормандони соҳаи ҷаҳонгардӣ ба андозаи кофӣ талош намекунанд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон моҳи июн аз "пирӯзии нахустин" бар коронавирус хабар дода буд. Вале маҳдудиятҳое, ки дар ин кишвар роҷеъ ба коронавирус ҷорӣ шудаанд, ҳанӯз бекор нагаштаанд.

Кумаки башардӯстонаи навбатии Узбекистон ба Қирғизистон

Узбекистон барои мубориза бо коронавирус ба Қирғизистон 8 тонна кумаки башардӯстонаи дигар фиристод. Дар ин бора ҳукумати Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, Узбекистон аз ҷумла, дастгоҳҳои сайёри оксиген фиристодааст.

Ҳукумати Қирғизистон ба ҳукумати Узбекистон барои кумак миннатдорӣ баён кардааст.

Аз моҳи марти соли равон ба ин сӯ, ин бори севум аст, ки Узбекистон ба Қирғизистон кумаки башардӯстона мефиристад. Қирғизистон низ дар навбати худ ба Узбекистон кумак кардааст.

Дар Қирғизистон то 6 июли соли равон ҷамъан 7691 кас ба коронавирус мубтало шуда, 92 кас ҷон бохтааст.

Дар Қазоқистон ба хотири коронавирус карантини сахттар ҷорӣ шуд

Нашрияи The New York Times ҷадвалеро таҳия кардааст, ки суръати паҳн шудани коронавирус дар ҷаҳонро дар давоми 14 рӯзи ахир нишон медиҳад. Қазоқистон дар миёни кишварҳои пешгом ҷой дода шудааст.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 7 июл нақлиёти ҷамъиятӣ пурра аз фаъолият боз монда, тамоми онҳо зиддиуфунӣ мешаванд.

Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба табибон менависанд, ки омори расмӣ -- 48, 5 ҳазор мубтало вазъи воқеии кунуниро бозгӯ карда наметавонад. Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон мушкили норасоии тестҳои санҷиши вирус, навбатпоиҳои тӯлонӣ дар пушти дари беморхонаву озмоишгоҳҳо ба миён омадааст.

Дар Қазоқистон шумори мубталоён ба коронавирус баъди бекор кардани карантин якбора афзоиш ёфт. Мақомоти ин кишвар маҷбур шуданд, дубора аз 5 июл ба муҳлати 14 рӯз карантини сахттар ҷорӣ кунанд.

Вале ин карантини сахт ба таҷлили Рӯзи пойтахти Қазоқистон, ки бо рӯзи зодрӯзи президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев рост меояд, дахл накард. Дар кӯчаҳои шаҳри Нурсултон маконҳо барои баргузории барномаҳои консертӣ ва намоишгоҳҳо омода шудаанд. Мақомот дар навбати худ мегӯянд, касеро ба чорабиниҳо даъват намекунанд ва сокинон онлайнӣ тамошо хоҳанд кард.

Дар Қазоқистон шумори расмии умумии мубталоёни коронавирус то ба имрӯз ба 48 ҳазору 574 расида, 232 кас ҷон бохтааст. Дар ҳамин ҳол дар ин кишвар беморони илтиҳоби шуш низ зиёд шуда, танҳо дар моҳи июн 628 кас бар асари он ҷон бохтаанд.

Беморхонаҳои Қирғизистон аз мубталоёни коронавирус "лабрез" шудаанд. ВИДЕО

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ба ҳукумат пешниҳод кард, ки манъи равуо миёни вилоятҳоро баррасӣ кунад. Беморхонаҳои шаҳри Бишкек пур шуда, коронавирус ба дигар минтақаҳои Қирғизистон низ паҳн мешавад.

Муовини шаҳрдори Бишкек дар Твиттер навишт, ки дар беморхонаҳои пойтахти Қирғизистон дигар ҷойи холӣ намондааст. Сардухтури ёрии таъҷилии пойтахти ин кишвар низ бо тасдиқи хабар гуфт, намедонанд беморонро ба куҷо баранд.

Толорҳои бузурги варзишӣ ба беморхона табдил дода шудаанд ва ба иллати набудани ҷой дар беморхона ҳатто беморони вазнинро ба чунин беморхонаҳо мебаранд. Дар рӯзи аввали кори бемористонҳои нав дар толорҳои варзишӣ се нафар ҷон бохтанд. Ихтиёриён, ки ба табибон кумак мерасонанд, мегӯянд, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб ва дастпӯш ба таври фоҷеавӣ намерасанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ дод, ки дар шаҳри Бишкек ҳар севумин табиб бемор аст ва табибони боқӣ бо охирин нерӯи худ кор мекунанд. Донишҷӯёни соҳаи тиб низ ба кор ҷалб шудаанд.

"Дар Бишкек 2062 кати иловагӣ омода мешавад. Ҷой холӣ мегардад, вале зуд банд мешавад. Ниёзмандон хеле зиёданд", - изҳор дошт муовини вазири тандурустии Қирғизистон Мадамин Каратаев.

Бештари Қирғизистониҳо аз кори мақомот дар давраи буҳрон норозиянд. Ҳатто сарояндаҳову ситораҳои дигар вазорати тандурустӣ, вакилон ва президентро интиқод мекунанд. Бархе аз онҳо аз мардум узр мепурсанд, ки замоне ҳизби ҳоким ва номзадҳои онро таблиғ кардаанд.

Дар Қазоқистон дар як рӯз 1 403 кас ба коронавирус мубтало шудааст

Дар Қазоқистон давоми як шабонарӯзи ахир 1 403 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. 814 мубталошуда нишонаҳои бемориро надоранд.

Ҳолатҳои нав аз ҳама бештар дар вилояти Атирау ошкор шудааст. Рӯзи севум аст, ки дар ин минтақаи Қазоқистон рӯзона беш аз 300 ҳолати нав ошкор мешавад. Рӯзи якшанбе дар ин вилоят 325 бемори навро ба қайд гирифта буданд. Атирау аз нигоҳи шумори мубталоён баъди шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон дар мақоми севум аст. Дар ин вилоят ҷамъан 5791 кас ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Шумори расмӣ ва умумии мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон то ба имрӯз ба 48 ҳазор расида, 232 кас ҷон бохтаанд.

Дар Қазоқистон беморони илтиҳоби шуш давоми ҳафтаҳои ахир афзоиш ёфта, санҷиши вируси онҳо манфӣ нишон медиҳад. Мақомот ва табибон мегӯянд, эҳтимол дорад, авҷи бемории илтиҳоби шуш ба паҳн шудани коронавирус рабт дошта бошад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG