Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваррум дар Тоҷикистон 9,3 дарсад шудааст


Мизони таваррум, ё инфлятсия, дар Тоҷикистон дар соли гузашта 9,3 дарсадро ташкил дод. Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, нархи ғизо дар соли 2011 дар кишвар 10,3 дарсад, нархи молҳои ғайриғизоӣ 7,2 фоиз ва арзиши таъруфаҳо 9,2 фоиз афзуд. Соли 2010 мизони таваррум дар Тоҷикистон 9,8 фоизро ташкил дода буд. Аммо арқоми расмии Душанбе дар мавриди мизони таваррум маъмулан аз арқоми ниҳодҳои байналмилалии молӣ фарқ мекунад. Барои мисол, Сандуқи байналмилалии пул мизони таваррум дар Тоҷикистонро барои соли 2011 дар ҳадди 13,5 дарсад пешбинӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG