Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ваъдаи сохтани "қудрати саноатӣ" аз Туркманистон

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Раисиҷумҳури кунунии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо ваъдаи ба “қудрати саноатӣ” табдил додани кишвараш корзори интихоботиаш барои касби давраи нави раёсатро оғоз кард. Бердимуҳаммадов гуфт, корхонаҳои нави саноатӣ сохта мешаванд, то Туркманистон аз як кишвари вобастаи соҳаи кишоварзӣ ба қудрати саноатӣ табдил шавад. Бердимуҳаммадов бо вуҷуди иқлими хеле гарми кишвараш ҳамчунин ваъда дод, ки дар теппаҳои Кабуддоғ хутути лижаронӣ хоҳад сохт. Интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон ба рӯзи 12 феврал таъйин шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Сабти 48 ҳолати нави гирифторӣ ба СOVID-19 дар Тоҷикистон

Яке аз озмоишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд.

Шумораи умумии фавтидагон ба асари COVID-19 дар Тоҷикистон ба 56 нафар расид. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистони шомгоҳи 14 июл иттилоъ дод, ки шабонарузи гузашта дар кишвар 48 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, як нафар фавтидааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки аз 30 апрел то кунун 6643 нафар дар кишвар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 5332 ё 80% мубталоён шифо ёфтанд. Ба иттилои ин вазорат, шабонарӯзи гузашта 178 нафар гумонбарон зери муроқибати пизишкон қарор дошта, 54 нафар баъд аз муолиҷа рухсат дода шуданд.

Аммо мутахассисон ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, бинобар набудани ташхиси дурусту муносиби коронавируси нав, мумкин аст, теъдоди воқеии гирифтор ва талафот аз беморон ба маротиб зиёдтар бошад.

Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард. То он замон афзоиши беморон дар шифохонаҳо ва марги пайиҳами чанде аз сокинонро ба “илтиҳоби шуш” рабт медоданд.

Матолиби бештарро дар бораи бӯҳрони коронавируси нав дар Тоҷикистон дар ин ҷо бихонед

Пажӯҳиши БҶ: "41% хонаводаҳо дар Тоҷикистон моҳи май масрафи ғизоро кам карданд"

Беш аз 41 дарсади хонаводаҳо дар як тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки масрафи ғизоро дар моҳи майи 2020 кам кардаанд.

Дар нашри нави тадқиқоти "Садои Тоҷикистон", ки онро дафтари Бонки ҷаҳонӣ барои санҷиши вазъи некуаҳволии хонаводаҳо мунтазам доир мекунад, гуфта мешавад, 41 дарсади пурсидашудаҳо аз кам кардани истеъмоли хӯрокворӣ дар моҳи майи 2020 хабар доданд. Ин ҳолат дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад бештар будааст.

Муаллифони ин тадқиқот навиштаанд, амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон аз рӯи чанд нишондод бадтар шудааст. Бештари пурсидашудагон гуфтаанд, гуруснагӣ мекашанд, хӯрдани хӯрокро кам кардаанд ва аз он дар ташвишанд, ки ғизои кофӣ барои худ харидорӣ карда метавонанд ва ё не.

Дигар нишондодҳои некуаҳволӣ низ ба навиштаи муаллифони тадқиқот бадтар шудааст. Аз ҷумла, шумори хонаводаҳое, ки моҳи май гуфтаанд тули 7 рӯзи охир касе аз оилаи онҳо кор намекунад, аз 20 дарсади қаблӣ то ба 40 дарсад бештар шудааст.

Шумораи ҷойҳои кори холӣ дар пойгоҳи маъруфи somon.tj дар қиёс ба моҳи январ 70 дарсад камтар шудааст.

Зимнан, Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар номааш ба президенти Бонки Осиёи Рушд ҳам навишт, бинобар таъсирии манфии пандемияи короновирус ҳукумат пешбинӣ мекунад, ки 100 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бекор мемонанд ва мизони бекорӣ аз 2 то ба 6 дарсад боло меравад.

Дар Эрон ҳукми марги марди муттаҳам ба ҳамкорӣ бо CIA иҷро шуд

Маҳмуд Мусавӣ-Маҷд бо айби ҷосусӣ ба нафъи ИМА ва Исроил ба ҳукми марг маҳкум шудааст

Мақомоти низоми адлияи Эрон гуфтанд, ки ҳукми қатли собиқ корманди вазорати дифоъ, ки барои фурӯши иттилоъ ба Оҷонсии марказии истихбороти ИМА (CIA) айбдор дониста мешуд, иҷро гардид. Сухангӯи ин сохтор Ғуломҳусейн Исмоилӣ рӯзи 14 июл гуфт, ки Ризо Асғарӣ давоми солҳои гузашта, замоне, ки барои вазорати дифоъ кор мекард, бо CIA дар тамос буд. Исмоилӣ гуфт, ки ҳукми марги Асғарӣ ҳафтаи гузашта иҷро шуд. Асғарӣ дар раёсати ҳавонавардии вазорати дифоъ кор мекард ва чор соли пеш ба нафақа баромад. Ҷудо аз ин, Ғуломҳусейн Исмоилӣ гуфт, ки ҳукми марги Маҳмуд Мусавӣ-Маҷд, як маҳкумшудаи дигар барои ҷосусӣ ба нафъи ИМА ва Исроил ҳам бояд иҷро шавад.

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки Мусавӣ-Маҷд иттилоъ дар бораи макони Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро, ки моҳи январ дар як ҳамлаи ҳавоии ИМА дар Ироқ кушта шуд, хабар додааст. Низоми додгустарии Эрон моҳи гузашта гуфт, ки Додгоҳи олӣ ҳукми қатли Мусавӣ-Маҷдро тасдиқ кард ва ҳукм “дар фурсати наздик” иҷро хоҳад шуд.

Президенти Косово ба саволҳои додситонҳои Гаага дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ посух дод

Гаага, Ҳолланд. Президенти Косово Ҳошим Тачӣ давоми шаш соат ба саволҳои додситонҳои муҳаққиқи ҷиноятҳои ҷангӣ посух дод.

Президенти Косово Ҳошим Тачӣ дар шаҳри Гаага ба саволҳои додситонҳои дар заминаи ҷиноятҳои даврони ҷанг посух дод. Рӯзи 24 июн Шӯрои коршиносони Косово гуфт, ки Тачӣ ва чанд чеҳраи саршиноси дигари ин кишвар дар содир кардани ҷиноятҳои ҷиддӣ гумонбар шуданд, аз ҷумла, «тахминан 100 куштор», нопадидшавиҳои маҷбурӣ ва шиканҷа. Тачӣ як фармондеҳи Артиши озодихоҳи Косово буд, ки солҳои 1990-ум барои ҷудо шудан аз Сербия ҷанг кардааст. Тачӣ рӯзи 13 июл давоми тахминан шаш соат ба саволҳои додситонҳо посух дод. Баъди он ки ӯ бинои Шӯрои коршиносони Косоворо тарк кард, хабар дод, ки рӯзи 14 июл ҳам ба пурсишҳо посух хоҳад дод. Тачи гуфт, ки миёни вакили дифои ӯ Пйер Ричард Проспер ва додситонҳои ҷиноёни ҷангӣ «мубодилаи иттилоъ дар заминаи бархе масоили фаннӣ» сурат гирифт. Ӯ инчунин гуфт, ки саволҳо ба Артиши озодихоҳи Косово ҳам рабт дошт. Додситонҳо ҳеҷ ҷузъиёте дар заминаи ин пурсишҳо надоданд. Тачи лаҳзаҳое, ки барои посух додан ҳозир мешуд, гуфт, «ҳоло ман барои он чизе, ки дар борааш орзу кардаву ҷангидаам, аз эҳтиром маҳрум шудам. Косовои озод, мустақил ва бунёдшуда бар пояи ҳуқуқи баробар ва ҳукумати қонун», гуфт ӯ.

Наргис Муҳаммадии зиндонӣ: нишонаҳои коронавирусро дорам

Наргис Муҳаммадӣ, як фаъоли ҳуқуқи башар. Акс аз бойгонӣ

Наргис Муҳаммадӣ, як фаъоли зиндонии ҳуқуқи башари Эрон гуфт, ки нишонаҳои вируси COVID-19-ро дорад, ки аз сурфаи шадид, заъфи бадан, дарунрав, аз даст додани тавони бӯйкашӣ иборат аст, вале то ҳол мақомот аз фош кардани натиҷаҳои тести озмоишии ӯ худдорӣ мекунанд. Муҳаммадӣ дар номае, ки аз дохили зиндон навиштаву рӯзи 13 июл дар интернет ба чоп расидааст, гуфтааст, ки ҳамроҳ бо ӯ 11 зани дигари ҳамутоқаш дар зиндони Занҷон, 330-километрии ғарби Теҳрон, эҳтимолан аз коронавирус азият мешаванд. Муҳаммадӣ ба унвони сухангӯи Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар кор мекард, ки аз ҷониби барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ таъсис шудааст. Ӯ мегӯяд, нишонаҳои роҳ ёфтани коронавирус ба зиндон тахминан ду ҳафта пеш мушоҳида шуд. Наргис Муҳаммадиро барои ширкат дар намоишҳои эътирозии зиддидавлатӣ ба 16 соли зиндон маҳкум карданд. Муҳаммадӣ гуфтааст, ки на ӯ ва на дигар ҳамутоқони ӯ дар зиндон ба ёрии тиббиву муолиҷа ва ғизои дуруст таъмин нестанд. Дар Эрон дар паи пандемияи коронавирус 13 ҳазор нафар ҷон дода, 260 ҳазор нафар олуда шудааст. Бовар меравад, ки омори воқеӣ аз ин бештар бошад

Толибон масъулияти ҳамлаи Самангонро бар дӯш гирифтанд

13 июл, беморхонае дар шаҳри Айбаки вилояти Самангон. Маҷрӯҳшудаҳо дар таркиши бомба муолиҷа мешаванд

Дар як ҳамлаи азими Толибон ба дафтарҳои сохторҳои интизомии Афғонистон дастикам 11 корманди амниятӣ кушта ва даҳҳо нафар, асосан сокинони мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Гурӯҳи ҷангҷӯён дар даромадгоҳи Раёсати амнияти миллии маркази вилояти Самангон – шаҳри Айбак рӯзи 13 июл мошинеро бо истифода аз бомба тарконда баъдан ба дохили бино юриш карданд. Волии Самангон Абдулатиф Иброҳимӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯёрӯии чандинсоата бо марги чор ҳамлагар даргузашт. Иброҳимӣ гуфт, ки ҳамаи 11 корманди ҳукумат, ки кушта шуданд, узи Раёсати амнияти миллии Самангон буданд. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳамла 63 нафар, аксар афроди мулкӣ кушта шуданд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки масъулияти ҳамларо ин гурӯҳи шӯришӣ ба ӯҳда дорад. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки Толибон ҳамлаҳо дар шимоли Афғонистонро вусъат бахшидаанд.

Маскав: патрули Русияву Туркия дар Сурия дар бомбае таркид

Таркиш дар назди шаҳри Ариҳои канори шоҳроҳи М4 рух дод. 14 июли соли 2020

Вазорати дифои Русия рӯзи 14 июл гуфт, ки як бомбаи сарироҳии аз ҷониби ҷангҷӯён дар Сурия ҷойгузоришуда партули муштараки Русияву Туркияро ҳадаф қарор дод. Дар натиҷа, се сарбози рус маҷрӯҳ шудааст. Тибқи гузоришҳо, дар ин таркиш инчунин чанд сарбози турк маҷрӯҳ шудааст. Таркиш дар қисматҳои ҷанубии минтақаи Идлиби таҳти назари шӯришиён дар шимолушарқи Сурия рух дод. Ин минтақаро шоҳҳоҳи М4-и стратегӣ меноманд, ки Ҳалабро бо Лазақия дар соҳилҳои баҳри Миёназамин пайваст мекунад. Дар паи чандин моҳ даргириҳои нирӯҳои Сурия бо пуштибонии Русия, ки наздики 1 миллион нафарро беҷо кард, Туркияву Русия моҳи марти имсол оташбасро ҷорӣ ва патрули муштаракро ба роҳ монданд. Ҳолати бавуҷудомада хатари ба Туркия фиристодани мавҷи азими паноҳандагонро ба вуҷуд овард. Ҳамчун бахше аз созиши оташбас, нирӯҳои Туркияву Русия патрули муштаракро дар минтақаи ҳоили миёни ҷангҷӯёну нирӯҳои ҳукуматии Сурия дар қитъае аз шоҳроҳи М4 роҳандозӣ кардаанд.

ИМА даъвоҳои Чин барои баҳри Ҷанубии чиниро рад кард

11 апрели соли 2017. Arleigh Burke - нобудкунандаи мушакҳои навъи USS Уэйн Э. Мейер (DDG 108)-ии ИМА аз обҳои баҳри Ҷанубии чинӣ убур мекунад

ИМА даъвои Чинро дар бораи ин ки аксари бахши баҳри Ҷанубии чинӣ ба Пекин марбут аст, рад намуд. Ин иддао, ки дар ҳамовозӣ бо кишварҳои соҳилии Осиёи Ҷанубушарқӣ карда шудааст, таниши то ҳол эҷодшударо боз ҳам пуршиддат мекунад. Дар як номае ҳамчун мавқеи расмии Вашингтон котиби давлатӣ Майк Помпео рӯзи 13 июл гуфт, ки ИМА талош дорад хеле рӯшан бифаҳмонад, ки ин иддао “комилан ғайриқонунӣ буда, ин як маъракаи зӯргӯӣ ба хотири назорати онҳо мебошад”. Давоми муддати тӯлонӣ ИМА иддаоҳои арзии Чинро, ки мегӯяд 90 дарсади баҳри Ҷанубии чинӣ ба Пекин мансуб аст, рад кардааст. Ин обҳо роҳи муҳими байналмилалии тиҷоративу захираҳои энержӣ мебошад. Кишварҳои Индонезия, Филиппин, Ветнам, Малайзия, Бруней ва Тайван ҳам иддао мекунанд, ки бахше аз баҳри Ҷанубии чинӣ ба онҳо марбут аст. Пекин ҳузури худро дар ин баҳр қавитар карда, пойгоҳҳои низомиву дигар зербиноҳое бунёд кардааст, ки барои тақвияти мавқеаш дар ҷазираву қитъаҳои дигари замин дар ҳудуди ин баҳр равона шудааст. Дар вокуниш нирӯҳои баҳрии ИМА ҳар сари чанд вақт ба гуфтааш машқҳо баргузор мекунад. Изҳороти ахири ИМА аз гузаштаҳо як қадам пештар буда аз мавқеи дигар кишварҳо, ки иддаоҳои марзӣ доранд, ҳимоят мекунад.

СҶТ: "Кишварҳо дар масири ғалати мубориза бо коронавирус қарор доранд"

Акс аз бойгонӣ.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, вазъи марбут ба бемории фарогири коронавирус "бадтару бадтар" хоҳад шуд.

Мудири кулли СҶТ Тедрос Гебрейесус гуфт, "теъдоди зиёди кишварҳо ба самту нодуруст рафтанд". Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ дар кишварҳое меафзояд, ки тадбирҳои муқобиларо бо коронавирус ё ҷорӣ накарданд ва ё риоя".

Дар ҳоли ҳозир Амрикои Марказиву Ҷанубӣ душвортарин вазъиятро доранд. Дар ИМА, ки 3,3 млн ҳолати гирифторӣ сабт шудааст, муносибатҳои байни коршиносони соҳаи тиб ва президенти кишвар Доналд Трамп шиддат гирифтааст. Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс хабар дод, ки дар ИМА 135 ҳазор кас аз коронавирус фавтидааст.

Дар як нишаст дар Женева Гебрейесус гуфт, ки изҳороти зидду нақизи роҳбарон мардумро аз танзими вазъи вабои коронавирус ноумед кардааст.

"Вабо душмани умумии рақами аввал боқӣ мондааст, аммо рафтори бархе аз ҳукуматҳо ва одамон инро инкор мекунад", гуфт мудири СҶТ. Чораҳое, аз қабили фосилаи иҷтимоӣ, шустани дастҳо, пӯшидани ниқоб - муносибати ҷиддиро талаб мекунанд. Гебрейесус ҳушдор дод, ки "дар ояндаи наздик баргаштан ба зиндагии маъмулӣ имкон надорад".

Дар Узбекистон мумкин аст, карантин баъди 1 август низ тамдид шавад

"Дар Узбекистон мумкин аст, карантин баъди 1 август ҳам тамдид шавад", -гуфт Баҳодур Юсупалиев, муовини вазири тандурустии он кишвар дар суҳбат бо расонаҳо.

"Мо чораҳои карантинро то 1 август тамдид кардем. Ин ба он вобаста аст, ки давраи пӯшидаи гирифторӣ ба коронавирус то 14 рӯз давом мекунад", - гуфт Юсупалиев.

Вале вай афзуд, дар сурати афзоиши теъдоди беморон ва маргу мир аз коронавирус, тадбирҳои карантин мумкин аст, баъди 1 август низ тамдид шаванд.

"Танҳо дар як ҳафтаи охир шумори мубталоёни вируси корона 3 ҳазор афзуд, яъне қариб 30 дарсад. Вазъият шадид аст. Лабрез шудани беморхонаҳо аз беморони коронавирус метавонад, боис шавад, ки беморони дигар, аз ҷумла саратону қалбу касони ниёзманд ба ҷарроҳӣ аз хадамоти тиббӣ маҳрум шаванд. Аз ҳамин хотир барои пешгирӣ аз фурурезии низоми тандурустӣ мо маҷбур шудем, чораҳои карантинро барқарор кунем",-афзуд Юсупалиев.

Дар Узбекистон сар аз 13 июл маҳдудиятҳои нави карантин ҷорӣ шуд.

Шумораи умумии гирифторони COVID-19 дар Узбекистон расман ба 13 ҳазору 193 ва шумори фавтидагон ба 61 расидааст.

Рашид Раҳимов, академик ва миёнарави сулҳи Тоҷикистон даргузашт

Акс аз https://tut.tj

Дар Душанбе дар синни 88-солагӣ донишманди маъруфи илми иқтисодшиносӣ Рашид Раҳимов даргузашт. Академик Рашид Раҳимов мудири шӯъбаи таҳқиқоти назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (АИТ) буд.

Рашид Раҳимов ҳамчунин бо он дар ёдҳо мемонад, ки моҳи майи соли 1992 ҳамроҳ бо чеҳраҳои саршиноси илму фарҳангу адаби тоҷик Отахон Латифӣ, Акбари Турсон ва Лоиқ Шералӣ талош кард, пеши роҳ ба ҷанг лағжидани Тоҷикистонро гирад. Ин чаҳор нафар дар байни ҳукумат ва мухолифон миёнаравӣ карданд, ки ба таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ сабаб гашт. Ин ҳукумат мебоист заминаҳои қабули конститутсияи нав ва интихоботро фароҳам меовард, вале мухолифати минтақаҳи Кӯлоб ва Хуҷанд ба он талошҳои осоиштаи ҳалли масъалаи қудратро дар кишвар ноком гардонд.

Лутфулло Саидмуродов, аъзо-корреспонденти АИТ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 14 июл гуфт, ки Рашид Раҳимов рӯзи 13 июл даргузашт ва ҳамон рӯз ба хок супурда шуд. Ба гуфтаи ӯ, донишманди маъруф аз дарди дил азият мешуд ва “тахминан 8 моҳ пеш аз як давраи муолиҷа аз Маскав баргашта буд. Устод коронавирус нашудаанд”, таъкид кард Саидмуродов.

Лутфулло Саидмуродов гуфт, ки Рашид Раҳимов “пири илми иқтисоди миллии Тоҷикистон буд”. Ӯ дар давраи шӯравӣ давоми 24 сол раҳбарии Институти иқтисоди АИТ-ро ба ӯҳда дошт, дар заминаи иқтисоди минтақаҳову кулли ҷумҳурӣ таҳлилу таҳқиқот анҷом дода, дар таъсиси маҷмӯаҳои иқтисодӣ дар қаламравҳои мухталифи Тоҷикистон саҳмгузор шудааст.

Саидмуродов гуфт, ки таҳқиқоти даврони истиқлолияти Раҳимов ба мавзӯъҳои иқтисоди бозаргонӣ бахшида шуда, муаллифи монографияи калони “Иқтисоди даври гузор: назария, консепсия ва методология” мебошад. Инчунин, ба гуфтааш, дар барномаи ислоҳоти иқтисоди миллӣ иштирок кардааст, ки давоми даҳ сол иҷро мавриди қарор гирифт. “Кори охирини устод китоби сеҷилда оид ба асосҳои рушди инноватсионии Тоҷикистон буд. Охирин китобе, ки навишта, вале тамом накарданд ва мо онро бояд ба анҷом расонем, “Курси лексия барои иқтисодчиёни муосир” аст, ки соли 2019 навиштанд. Аз мо хостанд, ки ҳатман онро ба анҷом расонем”.

Як шогирди Рашид Раҳимов – Дилором Ишматова, ки аз даргузашти устодаш дар Фейсбук хабар дод, ӯро ба унвони яке аз донишмандони бузурги илми иқтисоди Тоҷикистон ситоиш кард.

Дар Туркманистон тавассути баландгӯ мардумро ба пӯшидани ниқоб даъват мекунанд

Шаҳри Ишқобод.

Вазорати тундурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон ба сокинони ин кишвар тавсия дод, ки ба далели "гарду ғуборолуд будани ҳаво", сар аз 13 июл ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Вазорат мегӯяд, аз меъёр бештар будани гард "ба сиҳатии одам, пеш аз ҳама низоми нафасгирӣ зиён дорад". Ба шаҳрвандон ҳамзамон тавсия мешавад, ки "дар фосилаи на камтар аз 1 метр аз ҳамдигар қарор гиранд" ва тозагиро риоя кунанд. Ба гуфтаи вазорат, нӯшидан оби ях ва зери ҳавополо низ қарор қарор гирифтан тавсия дода намешавад, зеро мумкин аст, ин ду "боиси бемориҳои роҳи нафас гарданд".

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, пулис тавассути баландгӯ дар роҳҳо ин тавсияҳои вазорати тандурустии Туркманистонро қироат мекунад. Шоҳидон мегӯянд, дар кӯчаҳои шаҳрҳои Ишқободу Туркманбошӣ ба сокинон ниқоб тақсим мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон то кунун мавҷуд будани коронавирусро дар ин кишвар тасдиқ намекунанд. Расонаҳо хабар медиҳанд, чанде аз марказҳои тиҷорӣ ва бозорҳои калони он кишвар ба карантин гирифта шудаанд.

Фавти 6063 кас дар Суғд дар 6 моҳ. "Марги ҳеҷ яке аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст"

Шаҳри Хуҷанд.

Дар шаш моҳи аввали соли равон беш аз 6 ҳазор сокини Суғд вафот кардааст. Вале мақомот мегӯянд, ки фавти ягон нафари онҳо аз бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ин маълумотро масъулони Шуъбаи раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд рӯзи 14-уми уми июл зимни нишасти хабарӣ эълон карданд.

Фараҳманд Нарзизода, як масъули ин ниҳод гуфт, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 6 ҳазору 63 сокини Суғд фавтиданд, ки назар ба соли пеш 285 нафар зиёд аст. Ӯ дар посухи ба ин суол, ки бемории ҳамагири COVID - 19 сабаби ба ҳалокат расидани чанд нафар гардид, гуфт:

"Фавтидани ягон нафар бемори COVID -19 дар шуъбаи раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят ба қайд гирифта нашудаст. Лекин сабаби фавти 203 нафар расман аз бемории "илтиҳоби шуш", ҳамчунин 109 нафари дигар аз "норасоии шадиди кори шуш ва дил" ба қайд гирифта шудааст."

Ба гуфтаи масъулони шуъбаи раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ин ниҳод сабабҳои марги сокинонро аз рӯи шаҳодатномаи тиббии вафоти онҳо, ки Раёсати тандурустӣ таҳия ва пешниҳод мекунад, расман сабт мекунад.

Додситонӣ мегӯяд, тафтиши парвандаи Хӯҷа-Командир идома дорад

Хӯҷа Каримов.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), фармондеҳи пешини Фронти халқӣ дар ҳоли баррасӣ буда, баъд аз анҷоми тафтиш ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод хабар дод.

Мақомоти интизомии кишвар моҳи феврали имсол гуфтанд, ки бар зидди Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парванда кушодаанд. Назари пайвандон ва вакили мудофеаш маълум нест.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали имсол аз Дубай ба Душанбе оварданд. Ӯ бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов парванда боз кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта" муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, наздикони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-Командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор медонанд.

Додситонӣ: "Шаҳрдори пешини Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шуд"

Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб.

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб барои "маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин", ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. "Парвандаи собиқ шаҳрдори Кулоб дар баррасӣ аст"-гуфт Юсуф Раҳмон рӯзи 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон Баҳром Иноятзодаро авоили моҳи гузашта бо гумони "фасодкорӣ" дастгир карданд. Рӯзи 8-уми июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки маъмуронаш Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми "фасодкорӣ" дастгир карданд. Аммо наздиконаш гуфтанд, ки бовар надоранд ӯ ба чунин коре даст зада бошад.

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз шуда, садҳо нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, 3248 нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда ва беш аз 6286 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввал баргардонида шудааст. "Зарари расида аз ин ҷиноятҳо 1,6 млн сомонӣ барқарор карда шуд",-афзуд ӯ.

Бо вуҷуди ин, ҷиноятҳои марбут ба замин ва заминфурӯшӣ дар ҳоли афзоиш аст. Як роҳи аз байн бурдан ва ё кам кардани заминфурӯширо коршиносон дар ташкили бозори қонунии замин дар Тоҷикистон мебинанд. Чун шумораи аҳолӣ торафт зиёд мешавад ва талабот ба замин зиёд аст ва масъуле, ки ҳуҷҷатҳои заминро омода мекунад, майли хеле баланди гирифтани ришваро дорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ду соли пеш ҳам хоста буд, ки дар Додситонии кулли кишвар сохтори алоҳида доир ба назорати риояи қонунгузории замин таъсис дода шавад. Он замон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо кормандони додситонӣ гуфта буд, ки дар давоми 26 соли охир 130 ҳазор гектар замин ба 1,400 миллион хонавода барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ тақсим карда шудааст. Аммо ба гуфтаи вай, бо айби мақомот бинобар ноодилона тақсим шудани замин, ҷиноятҳо содир шудааст.

Вазорати энержӣ: "Маҳали бунёди ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон ҳанӯз муайян нашудааст"

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ҳанӯз маҳали бунёди ду нерӯгоҳ, ки бояд аз аз ҷониби Узбекистон дар рудхонаи Зарафшон сохта шаванд, муайян нашудааст.

Шодӣ Шоимзода, муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки оё маҳалли сохтмони ду нерӯгоҳ дар болои рӯдхонаи Зарафшон аз ҷониби Узбекистон муайян шудааст ё не, гуфт, ки "ҳанӯз гурӯҳи кории ду кишвар ба хулосаи ниҳоӣ дар ин замина муваффақ нашудаанд".

Ҳарчанд, қаблан бархе аз хабаргузориҳои Тоҷикистон бо истинод ба манобеи худ навишта буданд, ки яке аз ин ду нерӯгоҳ дар болои Фондарё, яке аз шохобҳои Зарафшон сохта мешавад. Аммо Шодӣ Шоимзода мегӯяд, ки "бори охир ман моҳи январ ба Тошканд сафар карда будам ва то ҳол дар ин замина тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст".

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 роҳбарони ду кишвар дар бораи сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон қарордод имзо карда буданд. Ҳамакнун рӯшан нест, ки агар Узбекистон ин ду нерӯгоҳро бунёд кунад, барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳҳоро ройгон ба кишвари худ интиқол медиҳад ё не?

Шодӣ Шоимзода дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки "ҳанӯз маҳалли сохтмони ин ду нерӯгоҳ муайян нашудааст ва ба ин хотир наҳваи содироти барқи тавлидшуда дар онҳо низ то ҳол баррасӣ нашудааст. Аммо, баъд аз муайян шудани маҳалли сохтмони ин ду нерӯгоҳ, Тоҷикистон ва Узбекистон қарордоди махсус имзо карда, дар он наҳваи фурӯш ё содироти барқи тавлидшуда дар онҳо муайян карда мешаванд".

Боздошти 3 нафар дар Қирғизистон ба иттиҳоми даъват ба ғасби ҳукумат

Тазоҳурот дар яке аз майдонҳои Бишкек. Акс аз бойгонӣ.

Дар иқдоми эътирозии "Таҳрими интихобот", ки рӯзи 13 июл дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, пулис 3 мардро дар доираи тафтиши ибтидоӣ барои даъват ба ғасби ҳукумат боздошт кард. Дар ин бора аз вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар доданд.

ВКД Қирғизистон мегӯяд, се ҳолати даъвати оммавӣ ба ғасби худсаронаи ҳукуматро таҳқиқ мекунад:

Рӯзи 16 июн тавассути паёмрасони WhatsApp ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ корбари ношинохтае садоеро бо даъвати шаҳрвандон ба гирдиҳамоӣ паҳн кард, ки ба барканории ҳукумати феълӣ даъват мекард. Ин гирдиҳамоӣ мебоист, рӯзи 1 июл дар назди бинои порлумон баргузор шавад;

Рӯзи 17 июн тавассути паёмрасони WhatsApp аъзои гуруҳи "Чон-Казат" садои даъват ба "оташ задани порлумонро ҳамроҳ бо 120 вакил" нашр кард;

Рӯзи 6 июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбаре бо номи М.А. "дар бораи зиён доштани мавҷи 5G навишт ва мардуми Қафқозро мисол овард, ки мавҷгирҳоро оташ задаанд. Ин корбар ҳамчунин аз роҳбарияти кишвар интиқод кард".

Ба иттилои ВКД, ин се далел сабт ва аз рӯи онҳо тафтишоти ибтидоӣ шуруъ шудааст.

"11 июл иттилои фаврӣ расид, ки дар ҷиноятҳои дар боло зикршуда мумкин аст, шаҳрвандон Т.А., А.С. ва И.К. даст дошта бошанд. Ин афрод дар иқдоми эътирозии рӯзи 13 июл ширкат доштанд", - хабар дод ВКД Қирғизистон.

Ширкатдорони иқдоми эътирозии рӯзи 13 июл даъват карданд, ки ба далели паҳншавии вируси корона интихоботи порлумонии тирамоҳи соли ҷорӣ дар Қирғизистон ба вақти дигар гузошта шавад. Мақомоти милисаи шаҳри Бишкек хабар доданд, ки 8 ширкатдори иқдомро боздошт кардаанд.

Карантин дар Қазоқистон то охири моҳи июл тамдид шуд

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 13 июл гуфт, ки дар робита ба вазъи беҳдоштӣ дар кишвар, низоми карантин ду ҳафтаи дигар тамдид мешавад. Тоқаев ҳамзамон афзуд, ҳукумат ба ҳар кадом шаҳрванди ниёзманд наздики 100-долларӣ кӯмак мерасонад.

Дар Қазоқистон баъди дубора афзоиш ёфтани шумори гирифтони вируси корона сар аз 5 июл ба ин тараф карантини дуҳафтаина эълом шуда буд. Фаъолияти чанде аз корхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, тиҷорати чакана манъ ва равуо байни минтақаҳо маҳдуд шуд.

Дар замони ҳолати фавқулода, ки моҳи март дар Қазоқистон эълом ва наздики ду моҳ тӯл кашид, миллионҳо қазоқистонӣ ба далели фаъолият накардани бозору корхонаҳо аз даромад монданд.

Дар Қазоқистон 59 ҳазору 899 ҳолати гирифторӣ ва 375 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст.

Шаҳрвандони бандмондаи Русия дар "Фотеҳобод" ҳанӯз иҷозаи сафар надоранд

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия гуфтанд, садҳо шаҳрванди бандмондаи ин кишвар дар гузаргоҳи "Фотеҳобод", дар марзи Тоҷикистону Узбекистон, ҳанӯз иҷозаи сафар надоранд.

Сафорати Русия дар Душанбе рӯзи 13-уми июл дар Фейсбук навишт, ҳанӯз дар ин замина ризояти ҳукуматҳои Узбекистону Қазоқистон ба даст наомадааст. Қаблан сафорат гуфта буд, ки Тоҷикистон ба гузаштани шаҳрвандони Русия иҷоза додааст.

"Ҳамкорони мо дар Тошканду Нурсултон ҷузъиёти сафари шаҳрвандонро бо дарназардошти вазъи пешомада аз коронавирус дар Узбекистону Қазоқистон баррасӣ доранд", -- омадааст дар хабари сафорат.

Мақомоти намояндагии расмии Русия дар Тоҷикистон гуфтаанд, ба онҳое, ки майли бозгашт бо ҳавопайморо доранд, кумак карда метавонанд. Садҳо шаҳрванди Русия ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи ин кишварро доранд, мехоҳанд бо мошинҳои худ ба Русия бираванд. Онҳо ҳафтаҳо боз дар марзи Тоҷикистону Узбекистон мунтазир истодаанд.

Ба сабаби густариши бемории коронавируси нав кишварҳои Осиёи Марказӣ марзҳои худро бастаанд. Убури шаҳрвандон танҳо бо ризояти ҳукуматҳо имконпазир ҳаст.

То ин дам Тоҷикистон садҳо шаҳрванди бандмондаи худро дар Қазоқистон бо ёрии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, Амрикову Норвегия ва ЮНИСЕФ ба ватан баргардонд.

Даҳҳо захмӣ ва кушта дар ҳамла ба раёсати амнияти Самангон

Сарбозони афғон дар Самангон

Абдулатиф Иброҳимӣ, волии Самангон, гуфт, чаҳор ҳамлавари интиҳориро, ки баъд аз таркиши мошини бобмгузоришуда вориди раёсати амнияти миллӣ шуда буданд, куштаанд ва даргирӣ поён ёфтааст. Вай афзуд, дар ин ҳодиса, ки 13-уми июл рӯй дод, 43 фарди мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон захмӣ ва даҳ нирӯи амниятӣ кушта шуданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гуруҳи Толибон, дар паёме ба расонаҳо иддао кардааст, ки дар ин ҳамла беш аз ҳафтод нирӯи амниятии Самангонро куштаву захмӣ кардаанд. Волии Самангон ин иддаои Толибонро рад намуд. Ҳамлаварон аввал мошини бомбгузоришударо дар Ойбек, дар наздикии биноҳои давлатӣ, тарконданд. Волии Самангон ба Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷор ба ҳадде нирӯманд буд, ки ба хонаҳои атроф осеб расондааст. Ҳафтаҳои ахир бар асари ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Толибон дар саросари Афғонистон садҳо нирӯи амниятӣ ва афроди мулкӣ кушта шудаанд.

Cабти IMEI-и телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон аз август оғоз мешавад

Илҳомҷон Атоев

Сабти дастгоҳҳои электронӣ дар Тоҷикистон аз моҳи август шуруъ хоҳад шуд. Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҳукумати Тоҷикистон сабти рақами IMEI-и ҳама гуна телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро моҳи марти ҳамин сол ҳатмӣ кард. Шакли кӯтоҳшудаи IMEI - Рақами байнулмилалии дастгоҳи мобилӣ аст, ки ҳар телефони мобилии истеҳсолшуда дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон новобаста ба навъу тамғааш онро дорад.

Мақомот ва ширкатҳои мобилӣ тавассути ин рақам як телефони мобилиро аз дигар фарқ мекунанд. "Феълан мақомоти масъули давлатӣ ҳамроҳ бо ширкатҳои мобилӣ шеваи сабти IMEI-ро баррасӣ доранд", -- гуфт Атоев.

Қарор аст, шаш моҳи аввали сабтиноми дастгоҳҳо ройгон сурат гирад. Ҳанӯз маълум нест, кадом ширкат бо чӣ сармоя вориди кор мешавад ва ин хидматрасонӣ чӣ кадар арзиш дорад.

Илҳомҷон Атоев ваъда дод, ки дар ин бора мардумро ба зудӣ хабардор мекунанд. Ҳарчанд мақомот ҳадафи тасмимро "таъмини амният ва таҳкими иқтидори мудофиавии давлат" номидаанд, баъзе огоҳони умур чунин иқдомро роҳи дигари назорати сокинон маънидод мекунанд. Онҳо таъкид мекунанд, ин тасмим ҳаққи шаҳрвандонро барои дастрасӣ ба иттилоъ маҳдуд месозад.

Дар ИМА аз мардум хостанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тандурустии Амрико бори дигар шаҳрвандони он кишварро ташвиқ мекунанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоби тиббӣ бипӯшанд ва тавсияҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Ин кор дар пайи афзоиши мавридҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ва маргумир аз бемории ҳамагир дар чанд аёлати Амрико сурат мегирад. Адмирал Бретт Гроир, як узви гуруҳи мубориза бо коронавирус дар Кохи Сафед, рӯзи якшанбе пӯшидани ниқобро “комилан зарурӣ” донист ва гуфт, бе он вирусро зери контрол гирифтан мушкил аст. Мавридҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар Амрико, бахусус дар ҷанубу ғарби он кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи якшанбе боз ҳам аз афзоиши мавридҳои мусбати коронавирус дар ҷаҳон хабар дод ва гуфт, дар як шабонарӯзи ахир беш аз 230 ҳазор ҳолати нав сабт шудааст. Ба қавли масъулони созмон, Амрико бо сабт кардани беш аз 66 ҳазор мавриди нави вирус бори дигар дар садри феҳраст қарор дорад. То ҳол дар Амрико беш аз 135 ҳазор нафар аз ин вирус ҷон бохтаанд. Сабти марвидҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар баъзе аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ низ дар ҳоли афзоиш аст. Венгрия ё Маҷористон бори дигар маҳдудиятҳоро дар марз ҷорӣ кардааст. Хорватия эълом кард, ки аз рӯзи душанбе истифода аз ниқоби тиббӣ дар фурӯшгоҳҳо ҳатмӣ аст ва Булғористон низ маҳдудиятҳоро аз сар гирифтааст.

Раиси ҷумҳури Косоворо дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ мепурсанд

Ҳошим Тачи

Ҳошим Тачи, раиси ҷумҳури Косово, рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Ҳейги Ҳолланд ба суолҳои додситони умури ҷиноятҳои ҷангӣ посух хоҳад дод. Додгоҳи вижа барои Косово рӯзи 24-уми июн ба таври ғайримунтазира эълом кард, ки Тачи ва чеҳраҳои дигари саршиноси Косово ба даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин, ба шумули “наздики 100 мавриди қатл”, нопадид шудани иҷбории одамон ва шиканҷа муттаҳам ҳастанд. Тачи пештар фармондеҳи баландпояи артиши озодибахши Косово буд. Ин артиш дар солҳои 1990 барои гирифтани истиқлоли Косово аз Сербистон вориди ҷанги чирикӣ шуда буд. Раиси ҷумҳури Косово Ҳошим Тачи иттиҳомҳоро рад карда, рӯзи 8-уми июл дар Фейсбук навишта буд, ки бо даъвати додгоҳи вижа барои Косово ба Ҳейг меравад. Косово вилояти пешини Сербистон аст, ки дар соли 2008 истиқлолашро эълом кард, вале Белград онро рад кардааст. Панҷ кишвари узви Иттиҳоди Аврупо низ истиқлоли Косоворо ба расмият нашинохтаанд.

Эрон хулосаи таҳқиқи худро дар бораи суқути ҳавопаймои Украина эълон кард

Мақомоти Эрон натиҷаи таҳқиқи худро дар бораи суқути ҳавопаймои мусофирбари Украина дар наздикии фурудгоҳи Теҳрон нашр карданд. Ин фоҷиа 8-уми январи соли ҷорӣ рух дода, дар дар натиҷаи суқути ҳавопаймо 176 кас ҷон бохтанд.

Муфаттишони эронӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки танзими нодурусти пойгоҳи радар боис ба ин фоҷиа шудааст. Гуфта мешавад, пойгоҳи радар ба низоми зиддимушакӣ паёми ғалат додааст.

Ба гуфтаи муфаттишон, танзимгарон аз фармондеҳии низоми зиддимушакӣ иҷозаи партоби мушакро нагирифтаанд.

Мақомоти Теҳрон дар аввал мегуфтанд, ки "нуқси фаннӣ" боис ба суқути ҳавопаймо шудааст, вале баъди чанд рӯзи фоҷиа эътироф карданд, ки иштибоҳан ҳавопайморо задаанд.

Дар гузориши Раёсати авиатсияи шаҳрвандии Эрон омадааст, танзимгарони низоми зиддимушакӣ дар наздикии Теҳрон фурсат наёфтанд, ки дастгоҳҳоро ба танзим дароранд. Субҳи рӯзи фоҷиа артиш дар ҳолати "омодабоши қатъӣ" қарор дошт. Ин омодабош дар робита ба таҳдиди Амрико ба Эрон дар пайи мушакборон шудани пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ, эълом шуда буд.

Сандуқҳои сиёҳи ҳавопаймо ҳанӯз ҳам дар ихтиёри мутахассисони эронӣ аст, сарфи назар аз он ки дар Эрон дастгоҳҳои хондани сабти сандуқҳо мавҷуд нест. Интизор меравад, сандуқҳои мазкур рӯзи 20-уми июл ба ихтиёри Фаронса супорида шаванд.

Дар фоҷиаи рӯзи 8-уми январ даҳҳо шаҳрванди Эрон, Канада, Украина, Бритониё, Афғонистон ва Олмон кушта шуданд.

Дар Қазоқистон ёди қурбониёни коронавирусро гиромӣ доштанд

Раиси ҷумҳур ва мансабдорони дигари Қазоқистон ҳангоми лаҳзаи сукут дар шаҳри Нурсултон. 13-уми июли 2020

13-уми июл дар Қазоқистон Рӯзи мотами миллӣ ба хотири қурбониёни коронавируси нав баргузор шуд.

Дар ин рӯз чорабиниҳо ва барномаҳои тафреҳӣ бекор гардида, дар саросари кишвар, инчунин, дар намояндагиҳои дипломатии Қазоқистон дар хориҷа парчами Қазоқистон поин оварда шуд.

Соати 12-и рӯз ба вақти Нурсултон дар саросари Қазоқистон дақиқаи хомӯшӣ эълом гардид. Дар ҳамаи масҷидҳои калони Қазоқистон дуои дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Ба иттилои расмӣ, теъдоди гирифторони вируси корона дар Қазоқистон ба 60 ҳазор наздик шудааст. Дар як рӯзи охир дар он кишвар 1646 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст. Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, ки аз 7 то 12-уми июл 111 ҳолати марг аз вируси корона сабт гардидааст.

Ин вазорат мегӯяд, дар Қазоқистон дар шаш моҳи соли 2020 1772 ҳолати марг аз илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст, 628 ҳолати он ба моҳи июн рост меояд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG