Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум ба тӯйи камхарҷ одат карданд, ба нархҳои баланд не


Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон

Зиндагии чаҳор соли ахир бо Қонуни танзими расму оинҳо нишон медиҳад, ки он мардумро одат дод, то тӯю маъракаашонро бо камтарин харҷ анҷом диҳанд.

Сарфаҷӯие, ки бино бар Қонуни танзими расму оинҳо ба одати мардум табдил ёфт, ба зиндагии одамон дар давраи мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ сабукие овардааст.

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, дар чаҳор соли баъд аз қабули ин қонун, мардуми кишвар тавонистаанд, бо худдорӣ аз харҷҳои беҳуда бартариҳои ин қонунро озмоиш ва пули худро сарфа намоянд.

Ӯ гуфт, “мувофиқи маълумоте, ки Бонки миллӣ дар робита ба амонатҳои шахсии сокинон пешниҳод кардааст, пасандози ашхоси воқеӣ дар соли 2011 ду миллиарду 187 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 765 миллион сомонӣ бештар аст."

Ҷонибдорони ин ақида дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёданд. Онҳо мегӯянд, қонун аз як тараф маҳфилу маъракаҳои зиёдеро нозарур ва хиҷолати одамони камбизоатро аз “сатҳи баргузории маҳфили худ” аз байн бурд ва аз сӯи дигар меъёрҳои муайяни харҷро ҷойгузин кард.

Вале мухолифони қонун мегӯянд, он асосан шаҳрвандони оддиро ҳадаф қарор додааст ва бе қонуни танзим ҳам дар замони мушкилоти шадиди иқтисодӣ, барпо кардани маъракаҳои серхарҷ барои онҳо ғайриимкон буд.

Холаи Зумрад, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳоло агар инсон хоҳад ҳам, наметавонад, тӯйи бо карру фар баргузор кунад: "Ҳоло ҳам қонуни танзимро ба эътибор мегирем, вале нархҳои бозор имкон намедиҳанд, ки тӯи серхарҷ кунем. Хоҳем ҳам наметавонем, ҳоло бо ҳамсояҳо ва ду-се нафари дигар туй мекунему тамом."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим


Бино бар гузориши Кумитаи дини Тоҷикистон, дар мавриди риояи Қонуни танзими расму оинҳо, танҳо дар соли 2011 аз ҳисоби баъзе аз маъракаҳои каммасраф дар тарабхонаву "кафе"-ҳо ва аз ҳисоби овозхонон дар тӯй ва сурҳо 861 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат ворид шудааст.

Ин ҳама сарфу пасандозро Кумитаи дини Тоҷикистон дар риояи бечунучарои мардум ба банду фаслҳои қонуни мазкур медонад. Дар ҳоле ки амаки Раҳматулло, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, нархи танҳо гӯшт дар Тоҷикистон ба 30 сомонӣ расидааст ва қимати тамоми моли анвои хурданӣ рӯз ба рӯз меафзояд.

Ба қавли амаки Раҳматулло, ҳоло ҳам афроде ҳастанд, ки ба нозирони Қонуни расму оин ришват медиҳанду маъракаҳои худро ҳар тавре хоҳанд, баргузор мекунанд.

Нуктаи дигаре низ ҳаст, ки дар бораи Қонуни танзим дар маҳофили расмӣ баён намешавад. “Танзимгарон” ё масъулони риояти қонун бо ҳар баҳона ва ғолибан барои ришваситонӣ, соҳибони маъракаҳоро ҳадаф қарор медиҳанд. Дар натиҷа, агар аз харҷи маъракаи пуровоза чизе сарфа шуда бошад ҳам, дар гумон аст, ки ба манфиати соҳиби маърака тамом шавад.

Вале омори дақиқе вуҷуд надорад, ки дар иҷрои Қонуни танзим чӣ миқдор ришва ва танзмипулӣ дода шуда, то куҷо аз ин лиҳоз қонун ба мардум манфиат овардааст.
XS
SM
MD
LG